Неймар после окончания матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Сербии и Бразилии

Мухлисон Неймарро шишашапак карданд - видео

193
(Таҷдидшуда 17:01 24.09.2019)
Посбонони майдон якҷо истода бозигари машҳур - Неймарро аз шишаҳои ҳавододаи мухлисон ҳимоят карданд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ҳаводорони бошгоҳи "Лион" бозигари номии тими "Пари Сен Жермен" Неймарро шишашапак карданд.

Ин ҳодиса дар бозии навбатии Қаҳрамонии Фаронса рух дод. Порисиҳо ин бозиро бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи худ анҷом доданд.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Бозигари бразилиягӣ бояд аз кунҷ тубро ҳаво медод. Дар ҳамин ҳангом ҳаводорони бошгоҳи "Лион"  ба сӯяш шишаҳои нӯшокиҳо ва дигар ашёҳои нодаркорро ҳаво дода ӯро таҳқир карданд.

Футболбоз танҳо замоне тавонист ба бозӣ оғоз кунад, ки дастандаркорон ба ҳимояти ӯ бархостанд.

Неймар мухлисро мушт зад: пас аз шикаст аз тими "Ренн"-видео

Муносибати ҳаводорони фаронсавӣ бо Неймар замоне бад шуд, ки ӯ пас аз бозгаштан ба бошгоҳи "Барселон" ё пайвастан ба "Реал Мадрид", эълон карда буд, вале ахиран дар бошгоҳи "ПСЖ" боқӣ монд.

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август муайян шуданд

193
Барчаспҳо:
ПСЖ, "Барселона", таҳқир, футбол, Ҷаҳон
Вакцинация, архивное фото

Дар Русия эмкунии оммавӣ бар зидди коронавирус тирамоҳ баргузор мешавад

349
(Таҷдидшуда 19:43 02.06.2020)
Агар коркарди ваксин бомуваффақият анҷомад, дар тирамоҳ аллакай эмкунии оммавӣ шурӯъ мешавад, аммо ҳоло ҳамагон бояд бо назардошти хатарҳои сироят шудан ба ин вирус чӣ гуна зиндагӣ карданро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Русия аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, изҳор дошт муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.

"Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар  самаранокии ваксин дақиқ шавад, аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хуруҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем", - тавзеҳ додааст муовини сарвазир.

Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло  олимони рус ваксинаҳои ғайриоддии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст. 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

349
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

262
(Таҷдидшуда 19:53 02.06.2020)
Зепп Блаттер, собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ӯ бо фишори Амрико мақомашро тарк карда буд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Собиқ раҳбари  ФИФА ин нуктаро дар як мусоҳмбаи ахираш бо сомонаи  хабарии шветсарии Keystone-SDA изҳор доштаст.

Ба гуфти ӯ лаҳазоте, ки гуфтумонҳо дар бораи барканорияш аз симмати ФИФА мерафт, аз ИМА ба вай паём расид, ки бояд аз мақомаш биравад.

"Онҳо гуфтанд: "Раҳбар бояд равад!". Ман мандати худро аз даст додам ва ногаҳон системаи адлияи Амрико баррасии ФИФА-ро як созмони мафиозӣ хонд ва онро ба категорияи ҷабрдидагон супурд", - гуфт Зепп Блаттери 84-сола.

Ёдовар мешавем, Зепп Блаттер соли 2015 пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб намоянд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешуд, ки пештар 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуда буд.

Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 тули 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.

 

262
Приветственная Стелла в город Варзоб, архивное фото

Дар ноҳияи Варзоб дигар коронавирус нест?: мақомот ба муовини сарвазир чӣ маълумот доданд?

0
(Таҷдидшуда 12:15 03.06.2020)
Дар ҷаласаи як ҷаласа мақомоти ноҳияи Варзоб ба муовини сарвазири кишвар иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки 2 июн дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, гузориш дода шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки зимни ҷаласа ба муовини сарвазири кишвар гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи  ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир Ширин Исматуллозода ба мақомоти ноҳия дастур додааст, ки корҳои безараргардониро давом дода, бо аҳолӣ ҳамеша тамос шаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.

Гуфта шудааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи  дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад.

0
Барчаспҳо:
ҷавоб, беморхона, бемор, муовини сарвазир, вирус, Варзоб, Тоҷикистон