Афганский полицейский В Кабуле за день до парламентских выборов

Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба таҳдидҳои гурӯҳи Толибон вокуниш нишон дод

184
(Таҷдидшуда 00:43 27.09.2019)
Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, таҳдиди гурӯҳи Толибон мабни бар ҷилавгирӣ аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро, иқдоме таблиғотӣ донист

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.  Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи панҷшанбе гуфт, давлати Афғонистон ба ҳеч гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ иҷоза намедиҳад дар баргузории интихоботи раёсатҷумҳӯрӣ халале эҷод кунад, иттилоъ додааст хабаргузорииParstoday.

Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистони афзуд, давлати ин кишвар 72 ҳазор низомиро барои таъмини амнияти интихоботи раёсатҷумҳурии шанбеи оянда ба ҳолати омода бош дароварда аст.

Гурӯҳи Толибони рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ҳушдор дод, аз раванди баргузории интихобот дар саросари Афғонистон ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Дар ин баёния омадааст, марокизи ахзи раъйи баргузоркунандагони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз аҳдофи низомии гурӯҳи Толибон маҳсқб мешавад.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 12 номзади раёсатҷумҳурӣ, аз ҷумла Муҳамад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

184
Барчаспҳо:
вокуниш, Вазорати умури дохилӣ, Толибон, Кобул, Афғонистон