Президент РФ Владимир Путин

Путин барои хайрбод бо Жак Ширак ба Фаронса меравад

201
(Таҷдидшуда 19:12 28.09.2019)
Раисҷумҳури Русия Вдладимир Путин тасмим гирифтаст ба хотири иштирок дар маъракаи хайрбодӣ бо собиқ раисҷумҳури Фаронса Жак Ширак, ки чанде қабл ин дунёро падруд гуфт, ба Фаронса сафар кунад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Интизор меравад, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар маросими гусели Жак Ширак ба хонаи охираташ, озими ин кишвар шавад, иттилоъ медиҳад хабаругзории РИА Новости.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Зимнан, котиботи раисҷумҳури Русия низ тасдиқ намудааст, ки Путин ба хотири иштирок дар маросими мазкур ба Фаронса меравад.

Зикр мегардад, ки дар робита ба ҳалокати собиқ раисҷумҳур Жак Ширак, санаи 30 сентябр дар сартосари Фаронса мотами миллӣ эълон мешавад.

Худи ҳамон рӯз дар калисои Сен-Сюлписи Париж маросими хайрибодӣ баргузор мешавад, ки дар он раисҷумҳури  Фаронса Эммануэл Макрон ва роҳбарони давлатҳои дигар ширкат хоҳанд варзид.

Жак Шерак, раисҷумҳури собиқи Фаронса даргузашт

Ёдовар мешавем, ки собиқ раисҷумҳури Фаронса Жак Ширак рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар синни 86 - солагӣ аз дунё даргузашт.

Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар қатори  дигар роҳбарони ҷаҳон вобаста ба даргузашти Жак Ширак ба раисҷумҳури феълии ин кишвар Эммануэл Макрон барқияи тассалият ирсол намуда буд.

201
Барчаспҳо:
сафар, Фаронса, Владимир Путин, Русия