Посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад

973
(Таҷдидшуда 10:30 02.10.2019)
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, ба тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаи марбут ба куштори бераҳмонаи Ҳувайдо бовар дорад, дар акси ҳол то охир пофишорӣ хоҳанд кард, то қотил ҷазои сазовор бигирад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Сафорати Тоҷикистон дар Руси, рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ  Имомуддин Сатторов бо мақсади назорат ва пайгирии қазияи Ҳувайдо Тиллозода, бо падари марҳум Абдусалом Саидов ва адвокати  ӯ сӯҳбати навбатӣ анҷом дод.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов бо мақсади назорат ва пайгирии қазияи шаҳрванди ноболиғ Ҳувайдо Тиллозода, 1 октябри соли ҷорӣ бо падари марҳум Абдусалом Саидов ва адвокати навтаъйини ӯ Шавкат Умаров, ки бо тавсияи Сафорат ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдидаро ҳимоят мекунад, суҳбати навбатӣ анҷом дод. Ш. Умаров аз адвокатҳои пуртаҷриба аст, ки муддати 5 соли охир дар Федератсияи Россия аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқию инфиродӣ ҳимоят мекунад. Зимни суҳбат натиҷаҳои мурофиаи судӣ, ки 30 сентябри соли 2019 вобаста ба он парвандаи ҷиноятӣ доир шуд, мавриди баррасию машварат қарор гирифт. Қайд гардид, ки бинобар идомаи табобати иҷбории айбдоршаванда А.Сёмин, 30 сентябри соли ҷорӣ Суди вилоятии Москва баррасии парвандаи ҷиноятиро мавқуф гузоштааст. Зимнан, мавқеи устувори Сафорат ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷониби ҷабрдида А.Саидов, бори дигар изҳор гардид. Сафири Тоҷикистон И.Сатторов таъкид намуд, ки мо ба идомаи тафтишоти воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаи ҷиноятии мазкур, инчунин ногузир будани ҷазо ба шахсе, ки чунин кирдори даҳшатнокро нисбат ба шаҳрванди ноболиғи кишварамон Ҳ.Тиллозода содир кард, боварӣ дорем. Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия www.tajembassy.ru 1 октября 2019 года в Посольстве Республики Таджикистан в Российской Федерации состоялась очередная встреча Посла Имомуддина Сатторова с Абдусаломом Саидовым (отцом покойной Хувайдо Тиллозода) и вновьназначенным адвокатом Шавкатом Умаровым. Следует отметить, что Шавкат Умаров рекомендован Посольством защищать интересы потерпевшего по данному уголовному делу. Шавкат Умаров является опытным адвокатом и в течение последних 5 лет занимается адвокатской деятельностью в Российской Федерации. В ходе встречи были обсуждены итоги прошедшего 30 сентября 2019 года судебного заседания по уголовному делу об убийстве Хувайдо Тиллозода. Было отмечено, что в связи с продолжением принудительного лечения подсудимого А. Сёмина Московский областной суд в ходе прошедшего заседания временно отложил рассмотрение уголовного дела. Подробнее на сайте Посольства: www.tajembassy.ru

Публикация от Посольство Таджикистана в РФ (@tajembassy.ru)

Гуфта мешавад, пас аз боздошт шудани вакили мудофеи қаблии ин хонавода, бо тавсияи сафорат Шавкат Умаров акнун аз ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабридида ҳимоя мекунад.

Зикр мегардад, ки зимни суҳбат натиҷаҳои мурофиаи додгоҳӣ, ки 30 сентябри соли 2019 вобаста ба он парвандаи ҷиноятӣ доир шуд, мавриди баррасию машварат қарор гирифт.

Бар асоси натиҷаҳои ахири додгоҳ, бинобар идомаи табобати иҷбории айбдоршаванда Сёмин, 30 сентябри соли ҷорӣ, додгоҳи вилоятии Москва баррасии парвандаи ҷиноятиро мавқуф гузоштааст.

Вакили хонаводаи Ҳувайдо - Хасавов: Сёмин роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад

Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов таъкид намуд, ки  ба идомаи тафтишоти воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаи ҷиноятии мазкур, инчунин ногузир будани ҷазо ба шахсе, ки чунин кирдори даҳшатнокро нисбат ба шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода содир кард, боварӣ дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл вакили дифои хонаводаи Саидовҳо, Дагир Хасавов бо иттиҳоми эҷоди монеа барои таъмини адолати додгоҳӣ, дар бинои додгоҳи Лефортов дар шаҳри Маскав боздошт гардида буд.

973
Барчаспҳо:
Ҳувайдо, қазия, сафорати Тоҷикистон дар ФР, Русия