День 9 октября

Ҷашнҳои рӯзи 9 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

59
(Таҷдидшуда 19:54 08.10.2019)
Рӯзи 9 октябр Рӯзи ҷаҳонии почта, рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ ва бартарафсозии он мебошад. Дар Ҷопон рӯзи тарбияи ҷисмонӣ, дар Озарбойҷон рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ва дар Уганда рӯзи истиқлол таҷлил мешавад

Рӯзи 9 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1789 дар Фаронса шиканҷа манъ карда шуд.

Соли 1874  рӯзи таъсиси Шӯрои ҷаҳонии почта.

Соли 1963 дар Италия дар натиҷаи вайрон шудани сарбанд ҳудуди 2 ҳазор сокинони шаҳри Беллуна ба ҳалокат расиданд.

Соли 1989 дар ИҶШС ҳуқуқи гирдиҳамоии кормандонро эътироф карданд.

Соли 1991 ҷоизаи Букери Русия барои беҳтарин роман бо забони русӣ таъсис дода шуд.

Объявление лауреата независимой литературной премии Русский Букер
© Sputnik / Михаил Фомичев
Литературная премия "Русский Букер"

Соли 2001 дар Миср баландтарин пули овезон сохта шудааст.

Подвесной мост в Египте
Подвесной мост в Египте

Соли 2006 дар Антверпена дар музояда калонтарин алмос, ки дар 13 соли охир аввалин бор ёфт гардид, фурӯхта шуд.

Соли 2009 дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Пешовари Покистон  беш аз 100 нафар захмӣ гашта,  тақрибан 50 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 2009 Президенти вақти ИМА Барак Обама сазовори ҷоизаи Нобел гардид.

Рӯзи 9 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао масоили гуногуни хамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2013 дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳҳомии "Агроинвестбонк" ифтитоҳ ёфт.

Соли 2013 дар Маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 октябр 

  • Рӯзи ҷаҳонии почта.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ ва бартарафсозии он.
  • Дар Ҷопон рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.
  • Дар Озарбойҷон рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.
  • Рӯзи истиқлол дар Уганда

Рӯзи 9 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Константин Ефимов (1910 – 1984) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Иван Зарубин (1887- 1964)- доктори илми филологӣ, профессор.

Абдулвоҳид Мунзим (1877 – 1934) – шоир.

Нигина (Абдуллоева) (1975) – шоира.

Латофат Орифова (1917 – 1984) – раққоса, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Тухтамет Тухтаметов (1918 – 1997) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Искандар Ҳамроҳқулов (1942) – мутарҷим, адабиётшинос.

Алӣ Яҳёев (1934) – Рассоми халқии Тоҷикистон.

Раҳматкарими Давлат (1972) – журналист.

Рӯзи 9 октябр кӣ вафот кардааст

Че Гевара (1928-1967) – инқилобчии Амрикои лотинӣ.

Пий XII (1876-1958) - Попи Рум (аз соли 1939).

59
Барчаспҳо:
ҷашн, рӯз, таърих

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

34
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

34
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Человек пишет в блокноте, архивное фото

Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод

90
(Таҷдидшуда 18:03 22.09.2020)
Дар озмуне дар ин кишвар бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бори нахуст дар Фестивали адабии байналмилалии Меделин шеъри тоҷикӣ садо дод, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта мешавад, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд. 

Имсол дар Фестивал 180 нафар шоирону олимони маъруф ва 20 дорандаи мукофоти алтернативии Нобел аз 103 давлати дунё ширкат намуданд.

Фестивали мазкур соли 1991 аз ҷониби шоир, файласуф ва арбоби ҷамъиятӣ Фернандо Рендон таъсис дода шуда, соли 2006 ба Ҷоизаи алтернативии Нобел – “Барои ҳақиқат,  сулҳ ва адолати иҷтимоӣ” сазовор гаштааст.

Инчунин Фестивали адабии байналмилалии Меделин аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии Колумбия эътироф гардидааст.

Абдуқаҳҳори Қосим дар суҳбат бо "Ховар" иброз намуд, ки “фестивал аз  моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида, шоирону нависандагон маҳсули эҷоди худро тавассути сабти видеоӣ пешниҳод намуданд. Ман 15 шеъри худро, ки тараннумгари сарзамини Тоҷикистон, модар, ишқу муҳаббат ва Ватан буданд, қироат намудам”.

Сабти қироати муаллиф бо забони тоҷикӣ ва бо тарҷума ба забони испанӣ тӯли як соат дар ин фестивал тариқи сомонаҳои Ютуб, Зум, Фейсбук ва ғайра намоиш дода шуд. Инчунин аз ҷониби тарҷумонҳо маълумот дар бораи сарзамини Тоҷикистон  ва аксҳои табиати дилрабои мамлакатамон бо забони испанӣ пешниҳод гардиданд.

Эрдуғон дар маросими кушоиши масҷиди Аёсофия ба забони форсӣ шеър хонд- видео

Хусусияти дигари ҳамоиш он аст, ки намояндаи ҳар миллат бо забони худ суханронӣ ва шеър қироат мекунад.

Фестивали адабии байналмилалии Меделин то 10 октябр идома меёбад. То имрӯз дар ин фестивал зиёда аз 1800 шоир аз 170 давлати панҷ қитъаи рӯи дунё ва 165 миллат ширкат варзидаанд. Имсол ҳамоишро дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

90