Президент США Дональд Трамп и президент Украины Владимир Зеленский

Трамп ва Зеленский ҳамтои руси худ Владимир Путинро бо мавлудаш табрик накарданд

342
(Таҷдидшуда 11:43 09.10.2019)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путинро бо рӯзи мавлудаш танҳо раисҷумҳурони Амрико ва Украина шодбоi нагуфтанд

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Бино ба иттилои котиботи президенти Русия, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ва Владимир Зеленский президенти Украина ҳамтои руси худ Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик нагуфтанд.

Владимир Путин рӯзи 7 октябр 67-сола шуд. Вай зодрӯзашро бо сайёҳат дар тайгаи Сибир ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу таҷлил кардааст.

Як соли президентӣ: аксҳои хотирмон аз Владимир Путин

Зимнан бояд гуфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзи ҳамтои русаш Владимир Путин ба унвони ӯ ҳам барқияи табрикотӣ равон намуда ва ҳам тариқи телефон суҳбати дӯстона ороста буд.

Гузашта аз ин солрӯзи Путинро сокинони  шаҳри Лос-Анжелес ба таври ғайриоддӣ ҷашн гирифтанд. Ҳавопаймои хурд акси бузурги Владимир Путинро бо зерхати #VVP67 дар фазои Ҳолливуд алвонҷ додааст.

Зодрӯзи Путин: гашту гузори президент бо Шойгу дар ҷангал - видео

Дар Ҷумҳурии Туваи Русия бошад 200 мактабхон дар соҳили дарёи Енисей даст ба дасти ҳам дода, калимаҳои зиндаи Путин-дил-Туваро сохта ва ба ин тартиб муҳаббати худро нисбати раиси ҷумҳури Русия иброз доштаанд.

342
Барчаспҳо:
Украина, Амрико, раисҷумҳурон, зодрӯз, Владимир Путин