Мэра в Мексике привязали к авто и возили по улицам

Шаҳрдорро барои ваъдахилофияш танбеҳ доданд: ӯро пушти худрав баста, кашола карданд-навор

1144
(Таҷдидшуда 12:08 10.10.2019)
Сокинони Мексика аз фаъолияти раиси шаҳрашон Хоре Эскандон розӣ набуда, чандин бораҳо изҳори нигаронӣ намуда буданд. Онҳо шаҳрдорро ба он муттаҳам мекарданд, ки хостаҳои сокинонро пайваста нодида мегирифт ва ҳар бор ваъдахилофӣ мекард

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik.  Аз ин рӯ, сокинони Мексика дастаҷамъона тасмим гирифтанд, ки раиси шаҳр Хорхе Эскандонро барои сари вақт иҷро накардани дархосту хостаҳои онҳо танбеҳ диҳанд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи EI Universal.

Бар хабари манбаъ, сокинон аз шаҳрдор чанд бораҳо талаб намуданд, ки роҳҳои шаҳрро сохта ва таъмир кунад.

Чун талаби онҳо ба иҷро нарасид, онҳо аз пайи танбеҳ додани раиси шаҳр озими дафтари кории ӯ шуданд, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Бо вуҷуди муқобилиятҳои кормандони пулис, ба сокинон муяссар гардид, шаҳрдорро аз дафтари корияш берун оранд ва ӯро бо ресмон пушти як худрав баста дар кӯчаҳои шаҳр кашола намуданд.

Зимнан, кормандони пулис 30 тан аз сокинони Мексика, ки дар танбеҳ додани шаҳрдорӣ иштирок доштанд, боздошт намуданд.

Худи раиси шащр аз чанголи сокинони норизо озод шуда, ба ӯ фавран кӯмаки тиббӣ расонд шуд.

1144
Барчаспҳо:
танбеҳ, шаҳрдорӣ, Мексика