Спецназ МВД Афганистана. Архивное фото

Дар Афғонистон яке аз роҳбарони иктишофи “Толибон”-ро дастгир намуданд

141
Дар музофоти Ғазнии Афғонистон кормандони таъиноти махсус роҳбари иктишофи (разведка) ҳаракати ифротгароии “Толибон”-ро якҷоя бо бародараш дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар музофоти Ғазнии Афғонистон кормандони таъиноти махсуси кишвар роҳбари иктишофи (разведка) ҳаракати ифротгароии “Толибон” –ро дастгир намуданд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии TOLOnews.

Ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷангҷӯ бо номи Мулло Нуриддин дар натиҷаи амалиёти махсуси Вагаз дар музофоти Газнӣ дастгир шудааст.

“Ҳамроҳ бо ӯ бародараш низ барои иштирок дар амалиётҳои террористӣ дастгир шудааст”, - тасдиқ кардааст котиби матбуотии роҳбари минтақаи мазкур, Ориф Нурӣ.

Дар ин бора маълумоти муфассал дода намешавад.

Дар Афғонистон мухолифат миёни ҳукумати феълии кишвар ва ҷангҷӯёни гуруҳи “Тоглибон”, ки пештар ҳудуди муаянеро дар қишлоқҷойҳо зери роҳбарии худ нигоҳ медоштанд ва ба шаҳрҳои калон чашм ало карда буданд идома дорад.

Кормандаони қувваҳои муссалаҳи миллӣ ва амниятии кишвар дар ҳама гӯшаю канори Афғонистон бар зидди терроризм амалиётҳои махсус мегузаронанд.

141
Барчаспҳо:
ҷангиён, дастгир, Толибон, Афғонистон