Волидайни кӯдакони сигоркаш ҷазо дода мешаванд

170
(Таҷдидшуда 11:16 10.10.2019)
Вазорати корҳои дохилаи Русия пешниҳод намудааст, ки волидайни кӯдакони ноболиғи сигоркаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Русия имкон дорад волидайни кӯдакони сигоркаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар.

Тибқи протоколи ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ доир тадбирҳои пешгирӣ аз ҷиноят имкон дорад дар ин кишвар волидайни кӯдакони сигоркаши ноболиғ ба ҷавобгари маъмурӣ кашида шаванд.

Дар шимоли Тоҷикистон аз қочоқи сигор ҷилавгирӣ карданд

Санади мазкурро Владимир Колоколтев, вазири корҳои дохилаи Русия ба имзо расонидааст. Дар протоколи мазкур гуфта шудааст, ки ВКД дархости мазкуро бояд ба Вазорати адлия равон намояд.

Тибқи санади мазкур котиби масъули комиссия бояд ин дархостро то санаи 23 октябри соли ҷорӣ ба мақомоти дахлдор равон намояд.

Эҳтимол дорад қонуни мазкур дар соли 2021 ҳукми қонунӣ мегирад.

170
Барчаспҳо:
ҷавобгарӣ, маъмурӣ, ҷазо, ноболиғ, кӯдакон, сигоркашӣ, Русия
Президент Беларуси Александр Лукашенко

"Зиндаам ва аз ватан фирор накардам": Лукашенко хабари тарки Минс карданашро рад намуд

612
(Таҷдидшуда 17:11 14.08.2020)
Кишвардори Белорус Александр Лукашенко овозаҳо дар мавриди тарк кардани ватанро беасос хонда онҳоро рад намуд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус хабари фирор кардани худро аз ватан дуруғ гуфт. хабар медиҳад РИА Новости.

Кишвардори Белорус дар ин бора дар ҷаласаи навбатӣ бобати вазъи соҳаи сохтмон иброз дошт.

"Дар аввал ман зинда ҳастам ва дар хориҷи кишвар ҳам нестем. Зеро ин ҷо бархе аз мӯҳтарамон овозаҳо бароварданд, ки президент берун аз ватан қарор дорад. Ман дар ватан ва имрӯз 14 - уми август бо шумо вазъи соҳаи сохтмонрро баррасӣ мекунем", - афзуд Лукашенко.

Зимнан, кишвардори Белорус ба корпартоӣ дар аксар корхонаҳои ин кишвар таъкид намуда гуфт, ки боздошта  шудани кор ба аз даст рафтани бозор хоҳад овард.

"Агар мо бас кунем, мо ҳеҷ гоҳ истеҳсолоти худро оғоз нахоҳем кард. Ҳеҷ гоҳ! Мо ба ин ботлоқ ворид мешавем. Мардум бояд инро дарк кунанд: кор кардан нахоҳед, накуне, агар шумо кор кардан хоҳед, пас кор кунед", - таъкид кард Лукашенко.

Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст

Ёдовар мешавем, шаҳрвандони Белорус пас аз анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ даст ба корпартоӣ заданд. Зеро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, бар тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот Александр Лукашенко бо ба даст овардани 80 дарсади раъй пирӯзӣ ба даст овард.

612
Барчаспҳо:
Белорус, Александр Лукашенко
Американский морской пехотинец на территории посольства США в Багдаде, Ирак. 4 января 2019

Оғози ҷанг дар Ироқ ва бохти Амрико: асли воқеа чӣ гуна буд?

243
(Таҷдидшуда 17:46 13.08.2020)
Мудохилаи Амрико дар ҷанги Ироқ аз чӣ манша гирифт. Китобе, ки тоза дар Амрико вобаста ба ҳамин масъала нашр шудааст, бозгӯ менамояд, ки дар ҷанги Ироқ на танҳо номутобиқатии дастаи ҳокимони ҳамон замон - Ҷорҷ Буш ва дигарон буд, балки сабабҳои амиқтаре дорад

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Биёед аз нуқтаи назари нафаре ба ин масоил баҳогузорӣ кунем, ки амрикоӣ набошад. Ҷанги Ироқ ҷаҳону Амрикоро ба чӣ овард?

  • Аз ҳама муҳим ин ки, ба хаёлоти солҳои 90 - ум бобати ҳастии давлати абарқудрат, ки ҷаҳонро идора мекунад, нуқа гузошта шуд. Зеро ин давлат ба ҷаҳон нишон дод, ки дар қиболи давлати заиф неруманд аст ва метавонад онро шикаст диҳад, аммо ин ғалаба давлати ғолибро метавонад нест кунад.
  • Муайян гардид, ки шарикони наздик аз ҷумла Олмон ва Фаронса дар ин масъала метавонанд нуқтаи назари худ дошта бошанд. Агар зарур ояд, мавқеи Амрикоро нодида ҳам мегиранд.
  • Дигар ин ки, Амрико бо тамоми қудрату тавонмандии худ натавонист Ироқро шукуфон кунад. Аз ин рӯ, дигар давлатҳо дарк намуданд, ки Амрикоро натанҳо лозим, балки зарур аст, ки нодида бигиранд.

Китоби Драпер пеш аз ҳама ба мо як сюжети тасодуфиро нишон медиҳад: таназзули иттилооти Амрико. Маълум мешавад, ки дар охири солҳои 90-ум CIA бо маъмурияти Билл Клинтон то ба қисматҳо тақсим кардани оҷонсӣ мушкилот дошт. Аммо баъд аз он, ки 11 сентябри соли 2001 ҳамлаи террористӣ ба вуқӯъ омад ва сардори он замон Ҷорҷ Тенет аз нав эъдо кардани таъсир умед бахшид.

Ба ҳар ҳол, камбудиҳои CIA дар солҳои 90-ум сабабҳои худро доштанд ва хеле гуногун буданд, аммо баъдан вазъияти хандоваре аз ҷумла дар Шарқи Наздик ба миён омад, аз ҷумла норасоии мутахассисони соҳибақл ва қобилиятнок эҳсос мешуд. Ва он гоҳ Теннет бояд чизи мавҷуднобударо собит созад, яъне роҳбари Ироқ Саддом Ҳусейн дар иттифоқи махфӣ бо Алқоида, ки ҳамлаи террористии 11-уми сентябрро бар ӯҳда дошт ба муқобили Иёлоти Муттаҳида аслиҳаи қатли омро омода кардааст.

Акнун дар ин ҳолат системаи иктишоф чӣ гуна амал мекунад. Танҳо аз пеши худ чизи мавҷуднабударо мебофад ва кӯшиш мекунад, ки дигаронро бовар кунонад. Воқеан, вазъ дар муқоиса бо соли 2003 чандон тағйир наёфт, достони "дахолати Русия ба интихоботи Амрико" низ аз маводҳои беарзиш асос ёфта буд. Хулас, иктишофи боақлона ба давлат маблағи зиёд меораду, иктишофи аблаҳона мушкилоти зиёд.

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

Аммо нокомии як шӯъба он қадар даҳшатовар нест. Агар тими Ҷорҷ Буш ва аз ҷумла нафаронеро, ки ӯ сари мансабҳои калидӣ баргузидда буд, аз CIA маълумоти мавҷуднабударо талаб намекарданд, ин фалокат шояд рух намедод. Худи Тенет идораашро ба агентие ташкил дод, ки маълумот дар мавриди он ки Саддом Ҳусейн барои Амрико хатарзост, паҳн мекарданд.

Чаро онҳо ин корро карданд? Зеро онҳо идеологҳои глобализм буданд. Ҳатто дар вазифаҳои пешини худ, дар охири солҳои 90-ум, онҳо ба қабули "Санади озодкунии Ироқ" аз ҷониби Конгресс ноил шуданд, комиссияҳо таъсис доданд, ки дар асл, CIA-ро дар огоҳ накардани "таҳдид" аз Ироқ муттаҳам мекарданд. Хуб, вақте террористон ба Ню Йорк зарба заданд, кишвар ба ғазаби идоранашаванда мубаддал гашт, ки ҳамаи ин одамон наметавонистанд аз он сӯистифода накунанд.

Натиҷа: Бино ба гуфтаи Драпер, дар маъмурият оид ба оғози ҷанг дар Ироқ ягон мубоҳиса гузошта нашудааст. Сӯҳбатҳо танҳо дар бораи кай ва чӣ гуна буд.
Ҳамин тавр, вақте идеяҳо пешакӣ муқаррар карда мешаванд ва далелҳо бояд ба онҳо мувофиқат кунанд, инро ҷаҳолат ва таназзули синфи ҳукмронии давлат меноманд.

Агар президентҳо, сарвазирҳо ё подшоҳҳо ба андозае тағир ёбанд, пас миллат дар маҷмӯъ мушкилтар аст. Ин ғоя дар посухҳо ба китоби Драпер мунташир шудааст: "Ҷамъияти мо зидди зеҳнӣ аст", "мактабҳое, ки ба таълими таърих, ҷомеашиносӣ, фарҳанг машғуланд" дар бештар мавридҳо пул ҷамъ мекунанд ва ба таълимоти беасос мепардозанд....

243

Таҳдиди навбатии Амрико ба Русия: Помпео ваъда дод, Маскав ҷазоӣ сахт мегирад

0
(Таҷдидшуда 18:53 14.08.2020)
Котиби давлатии Амрико ҳушдор дод, ки агар “созиши Маскав ва Толибон” тасдиқ ёбад, Русияро рӯзҳои сахт интизор аст

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико таъкид кард, ки агар тасдиқ шавад, ки русҳо барои қатли сарбозони Амрико пул пешниҳод мекардааанд, Русияро ҷазоӣ сахт интизор аст.

“Агар русҳо барои қатли сарбозони Амрико ва мардуми Ғарб пул пешниҳод кунанд, онҳо арзиши гаронеро хоҳанд супорид. Инро ман ба вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров расондам. Ман хабар дорам, ки низомиёни мо бо роҳбарияти низоимии Русия низ дар ин бора гуфтугӯ доштанд. Мо таҳаммули инро надорем”, - гуфт Майк Помпео.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таҳдидҳои Амрикоро ба вазъи сиёсии дохилии ин кишвар рабт дод.

Вай гуфт, дар арафаи интихобот ҳукумати Трамп дар баробари демократҳо мехоҳад аз “корти Русия” истифода кунад

Ёдрас мешаҷвем, ки нашрияи “The New York Times” бо такя ба манобеи дар хадамоти махсуси Амрико рӯзи 26-уми июн хабар дода буд, ки мақомоти Русия ба гурӯҳи Толибон барои куштани сарбозони нерӯҳои эътилоф таҳти сарварии Амрико дар Афғонистон пул пешниҳод мекардааст.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки Толибон ва ё “гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии алоқаманд ба онҳо” як қисми пулро дастрас кардаанд. Аммо дар гузориш гуфта мешавад, ки рӯшан нест, ки ин пардохтҳо ба 20 сарбози кушташудаи амрикоӣ дар соли гузашта дар Афғонистон рабт дорад, ё не.

Иддао Амрико дар ҳолест, ки ин кишвар пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Толибон дар моҳи феврал тасмим гирифтааст, ки соли оянда сарбозонашро аз хоки Афғонистон берун кунад.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки мақомоти Амрико намедонистанд, ки то чӣ андоза амалиёти пинҳонии ҳукумати Русия тасдиқ шудааст ва он чӣ ҳадафро дунбол мекунад.

Мақомоти Русия ин иттиҳоми навбатиро “бепояву беасос” хонд.

0
Барчаспҳо:
Толибон, Маскав, таҳдид, Русия, Амрико