Нобелевская награда

Ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиётро кӣ соҳиб шуд?

176
Кумитаи Нобели рӯзи чоршанбе ғолибонро дар ришта адабиёт якбора барои солҳои 2018 ва 2019 эълон намуд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Стокголм гирандагони ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт барои солҳои 2018 ва 2019 эълон гардиданд.

Ғолибонро рӯзи пайшанбе Кумитаи Нобел эълон кард.

Бо қарори комиссия ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт дар соли 2019 ба нависандаи австриягӣ Петер Хандка насиб шудааст. Ин ҷоизаи пурарзиш барои соли гузашта, яъне 2018 ба нависандаи Полша Олга Токарчук расидааст.

​Тайи ин ҳафта гирандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаҳои физика ва тиб, низ маълум гардида буданд.

​Мувофиқи қарори комисия ҷоизаи Нобелро дар соҳаи физика Ҷеймс Пиблз, Мишел Майор ва Диде Келоз соҳиб шуда буданд.

Қайд шуда буд, ки ҷоизаи Нобел ба Ҷеймс Пибл барои ихтироъи назариявӣ дар соҳаи космологияи физикӣ ва Мишел Майор ва Диде Келоз барои кашфи планетаи экзотикӣ, ки дар гирди ситораҳои офтобшакл давр мезанад дода мешавад.

Мувофиқи қарори комисия ҷоизаи Нобелро дар соҳаи тиб Уилям Келину, Петер Ратклифф ва Грегг Сементсе соҳиб шуда буданд.

Дар иттилоия омада буд, ки ба ин олимон ҷоиза барои кашофии нишондиҳии реаксияи клеткаҳои зинда ҳангоми мавҷудияти оксиген дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии супурдани ҷоизаҳои Нобел чун анъана дар рӯзи 10 декабр муайян шудааст , яъне дар рӯзи марги таъсисдиҳандаи ин туҳфаи қиматбаҳо, соҳибкори шведсиягӣ ихтироъкор Алфред Нобел.

Ҷоизаи Нобел яке аз ҷоизаҳои қиматбаҳои байналмилдалӣ дар дунё шинохта шудааст.

Ин ҷоиза ҳарсол ба олимони соҳаҳои гуногун барои ихтироъкориҳо ва навовариҳои намоён дода мешавад.

Дар васиятномаи Нобел ҷудо намудани ҷоиза барои ихтироот дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва ё тиб, адабиёт пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин ин ҷоиза барои пойбарҷо гузоштани сулҳ дар рӯи замин дода мешавад.

176
Барчаспҳо:
Нависанда, адабиёт, дорандаи ҷоизаи Нобелӣ, Ҷоизаи Нобел

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

94
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

94
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Теъдоди қурбониёни таракиши Бейрут ба 135 нафар расид: 5 ҳазор ҷароҳатдор шуданд

120
(Таҷдидшуда 16:44 06.08.2020)
Теъдоди ҷонбохтагони таркиши мудҳиш дар Бейрут ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ҳоло расман фавти 135 нафар тасдиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шумораи ҷонбохтагони  таркиш  дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут ба 135 нафар расид, хабар медиҳад "Al Jazeera.

Ба иттилои манбаъ, дар ин таркиш ҳадди аққал 135  кас  ҷон бохта,  тахминан  5 ҳазор  нафари дигар  захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ иброз доштааст, ки  эҳтимоли зиёд гардидани шумораи ҷонбохтагон вуҷуд дорад, чунки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯйи одамони зиндамонадаро дар зери биноҳои валангор идома медиҳанд.

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

Губернатори Бейрут Марван Аббуд гуфт, ки дар шаҳр то 300,000 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Мақомот барои бо ғизо, об ва манзил таъмин намудани онҳо кӯшиш мекунад.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

120