Президент России Владимир Путин

Сафари Путин ба Арабистон баъди 12 сол ва имзои 30 созишнома бо маблағи 2 миллиард доллар

528
(Таҷдидшуда 17:16 14.10.2019)
Владимир Путин, кишвардори Русия имрӯз ба Арабистони Саудӣ сафари таърихӣ анҷом дод, ки ин баъди 12 сол рост омад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Кишвардори рус, Владимир Путин бо гузашти 12 сол, имрӯз, 14 октябр ба Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом дод.

Путинро дар Ар-Риёз горди фахрӣ пешвоз гирифт.

Мувофиқи нақшаи ин сафар, мулоқоти Путин бо шоҳи араб, Салмон ибни Абдулазиз Ал-Саудӣ дар назар аст.

Қайд шудааст, ки дар ҷараёни ин мулоқот бастаи 30 созишнома бо маблағи 2 миллиард доллар ба имзо хаҳад расид.

Бори охир кишвардори рус, Владимимр Путин дар соли 2007 аз Арабистони Саудӣ дидан карда буд. Инчунин сафари феълии Путин ба кишвари араб таърихӣ ном гирифтааст.

Дар Ар-Риёз мувофиқи нақша бо иштироки Путин маросими ифтитоҳи мулоқоти бо тантана сурат гирифта, баъди он аз номи шоҳи Арабистон хӯрокхурии нисфирӯзии махсус дар назар аст.

528