Президент США Дональд Трамп

Иштибоҳи ҷиддии Трамп: исми раисҷумҳури Итолиёро "Моцапрелла" гуфт - акс ва навор

399
(Таҷдидшуда 13:18 18.10.2019)
Нишасти ахири раисҷумҳурони Амрико Доналд Трамп ва Серджо Маттарелла президенти Итолиё дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба бор овард. Трамп иштибоҳи ҷиддӣ карда, номи раисҷумҳури Итолиёро монанд ба машҳуртарин панири итолиёвӣ "Моцапрелла" гуфт

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.  Ин иштибоҳи якуми раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп набуда, ҳарфи гуфтаи ӯ бобати муносибатҳои қарини Амрикову Итолиё аз замони Рими қадим ҳамаро дар ҳолати шок гузошт.

Алалхусус, аксуламали мутарҷими итолёвӣ пас аз шунидани ин ҳарфҳои бардурӯғи Трамп, боиси авҷ гирифтани баҳси гарм дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

​Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз ҷумла гуфтааст, "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Итолиё мероси муштараки фарҳангӣ ва сиёсӣ доранд, ки аз замони Рими қадим то ба ин сӯ боқӣ мондааст".

Ин ҳарфҳои Трамп дар баробари ба шок овардани мутарҷими итолиёӣ, ҳамзамон боиси хандахариши корбарони иҷтимоӣ гардид.

Президенти Амрико бо ин иштибоҳи гуфтаи худ қаноат накарда, аснои сӯҳбат бо раисҷумҳури Итолиё номи ӯро  ҳамчун панири машҳури итолиёвӣ "Моцапрелла" гуфт, ки ханда ва тааҷҷуби корбаронро даҳчанд афзун кард.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Итолиё Серджо Маттарелла 17 октябри соли равон озими Вашингтон гардид.

399
Барчаспҳо:
иштибоҳ, Итолиё, Доналд Трамп