Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Конор Макгрегор дар таҷовузи духтари 20-сола муттаҳам мешавад - расонаҳо

2325
(Таҷдидшуда 17:02 20.10.2019)
Ин бори дуввум аст, ки қаҳрамони UFC дар таҷовузи духтаре муттаҳам мешавад ва ба ин хотир дар сархати расонаҳо қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Размикори машҳури ирландӣ ва қаҳрамони UFC Конор Макгрегор дар таҷовузи духтари ҷавон гунаҳкор дониста шудааст, хабар медиҳад The New York Times.

Бино ба гузориши нашриёт, ҳодиса дар яке аз истгоҳҳои мошинҳо дар шаҳри Дублин ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ин ҳодиса духтари 20-сола ҷабрдида будааст. Гуфта мешавад ин ҳодисаи нангин шоҳид ҳам доштааст, ки тибқи қавонин номи онҳо бурда намешавад.

То кунун пулиси Ирландия нисбати размикори машҳур қарори ниҳоӣ набаровардааст.

Дар баробари ин намояндагони Конор Макгрегор ин хабарҳоро бепоя хонда, мегӯянд бофтае беш нест.

"Ман хато кардам": узрхоҳии Макгрегор барои муштзании мӯйсафед

"Конор зуд-зуд қаҳрамони моҷароҳо мешавад. Ӯ қатъиян ҳама гуна айбдориҳоро дар таҷовузи ҷинсӣ рад мекунад", - гуфтаанд намояндагони варзишкор.

Ин ҳодиса дар соли 2019 бори дуввум аст, ки қаҳрамони UFC дар таҷовуз муттаҳам мешавад ва ба ин хотир дар сархати расонаҳо қарор мегирад.

Пештар Конор Макгрегор дар тарабхона марди солхӯрдаеро шаппотӣ зада буд.

2325
Барчаспҳо:
муттаҳам, духтар, таҷовуз, Макгрегор
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад

79
(Таҷдидшуда 16:33 26.09.2020)
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар хостори он шуд, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад, иттилоъ додааст сомонаи расмии рӯзномаи “Фараж”.

“Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Манбаъ қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳануз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.

“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад.

Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

 Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

79
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, шаҳр, интихоб, вилоят, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Конор Макгрегор мехоҳад бо Мэнни Пакяо ба ринг барояд

61
(Таҷдидшуда 17:34 26.09.2020)
Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар рақобати касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди октагон шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC Конор Макгрегор изҳор дошт, ки бо қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи WBA Мэнни Пакяо ба ринг мебарояд.

Варзишкори ирландӣ рӯзи рақобатро дақиқ нагуфт.

"Ман бо Мэнни Пакяо дар Ховари Миёна муштзанӣ мекунам. Барои ман вохӯрӣ бо беҳтарин муштзанҳои замони муосир шарафи бузург аст", - навиштааст Макгрегор.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Соли 2017 Макгрегор бар зидди собиқ қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба бокс Флойд Мейвезер ба ринг баромада буд. Он замон варзишкори ирландӣ дар бахши 10-ум бо усули нокаути техникӣ мағлуб шуда буд. Баъдтар Майвезер ва Конор пешниҳоди реванш карда буд.

"Ин бозӣ бароям камаҳамият шуд": Макгрегор сабаби қатъи фаъолияти варзишияшро шарҳ дод

Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар муштзании касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди октагон шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст.

61
Барчаспҳо:
Макгрегор, ринг, муштзанӣ, Ховари Миёна
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

0
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон