Посол Таджикистана в германии Сохибназар Гайратшо встретился с немецкими парламентариями

Сафири Тоҷикистон эътиборномаи худро ба раисҷумҳури Лаҳистон ироа кард

31
(Таҷдидшуда 20:14 23.10.2019)
Дар мулоқот тарафҳо дар бораи тақвияти равобити дуҷониба, тавсеъаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва дар чорчӯби ИА ва дигар созмонҳои байналмилалии ду кишвар табодули афкор карданд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ғайратшо Соҳибназар, сафири Тоҷикистон дар Варшава, ки қароргоҳаш дар Берлин аст, ба Анжей Себастиан Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон эътиборномаи худро ироа кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, раисҷумҳури Лаҳистон баъди ин маросим сафири тоҷикро ба мулоқот даъват кард.

Дар мулоқот тарафҳо дар бораи тақвияти равобити дуҷониба, тавсеъаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва дар чорчӯби ИА ва дигар созмонҳои байналмилалии ду кишвар табодули афкор карданд.

Анжей Дуда ба маъмурияти сафири нави тоҷик орзӯи комёбӣ кард ва бар пуштибонӣ аз равобити бисёрҷонибаи Лаҳистону Тоҷикистон таъкид кард.

31
Барчаспҳо:
қироат, сафир, Лаҳистон, Полша, Тоҷикистон