Автомат Калашникова, архивное фото

Ҳалокати 8 сарбоз аз тири ҳамхидмати худ

3952
(Таҷдидшуда 20:30 25.10.2019)
Дар Забайкал як сарбоз ҳамхизматонашро ҳадафи тир қарор дода, 8 нафарро кушт ва ду тани дигарро сахт маҷрӯҳ кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Як сарбози пойгоҳи таъмирӣ ва техникӣ дар қаламрави Забайкал сӯи ҳамхидматонаш аз силоҳи оташфишон тир  кушодаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости истинодан ба Вазорати мудофиаи Русия.

Ба иттилои манбаъ, аз тири сарбози қаторӣ 8 ҳамхидмати ӯ ҷон аз даст дода, ҳамчунин 2 нафари дигар сахт маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур рӯзи ҷумъа, соати 18:20 дақиқа рух додаст.

Феълан сарбозро дастгир намуданд ва ду нафари ҷароҳатбардоштаро фавран ба бемористон интиқол доданд.

Пизишкон мегӯянд ба ҷони ин ду сарбоз хатаре таъдид намекунад ва вазъи саломатии онҳо мӯътадил аст.

Дар Тоҷикистон як сарбоз аз захми тир ҷон дод

Ба маълумоти пешакӣ, омили даст ба куштор задани сарбоз ба заиф будани вазъи равонии ӯ рабт дода мешавад.

Зимнан, пас аз ҳодисаи мазкур Додситонии ҳарбӣ ба тафтишоти фаврии ин қазия оғоз намуд.

3952
Барчаспҳо:
тир, сарбоз, ҳалокат