Абу Бакр Аль-Багдади, архивное фото

Русия аз Амрико хост қатли Абӯбакар ал-Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ-ро исбот намояд

341
(Таҷдидшуда 16:06 28.10.2019)
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия эълон кард, ки Амрико бояд исбот намояд, ки роҳбари гурӯҳи террористон ба қатл расонида шуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати дифои Русия ба хабари нобудсозии Абӯбакар Бағдодӣ роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнуъ дар Русия), шак доранд, иттилоъ додааст RT дар истинод ба намояндаи расмии вазорати дифои Русия Игор Конашенков.

Сабаби аслии шак ба хабари нобудсозии ал-Бағдодӣ – ин дар ихтилофи гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаест, ки Амрико дар онҷо амалиёти махсус анҷом додааст.

Намояндаи Вазорати дифои Русия ёдрас шудааст, ки он минтақаҳое, ки таҳти контроли ҳукумати Сурия нест, дар ихтиёри гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” аз ҷумла “Джабҳат ан-Нусра” мебошад.

Конашенков таъкид кард, ки аъзои ин гурӯҳ ба гурӯҳи террористии ДОИШ мухолифат дорад. Ин гурӯҳҳо дар Сурия барои қудрат бо ҳам дигар рақобат доранд ва як дигарро бе раҳмона нобуд доранд.

“Ҳузури осоиштаи роҳбари ДОИШ дар минтақаи назоратии “Ал-Қоидаи” барои мо аҷиб аст ва мо аз Амрико ва дигар иштироккунандагони ин амалиёт мехоҳем, ки ҳузури роҳбари ДОИШ-ро дар ин минтақа исбот намоянд”, - зикр кард намояндаи Вазорати дифои Русия.

341
Барчаспҳо:
Вазорати дифои Русия, Абӯбакр Бағдодӣ, ал-Бағдодӣ, қатл, террористон, террорист, исбот, Амрико, Русия