акс аз бойгонӣ

Чӯпони ироқӣ хазинаи ДОИШ - ро пайдо кард, ки 25 миллион доллар онҷо маҳфуз буд

555
(Таҷдидшуда 19:04 30.10.2019)
Эҳтимол роҳбарони созмони террористии ДОИШ пас аз пинҳон кардани маблағ ва ҷавоҳирот дар як биёбон, ҷойи онро гум карданд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар қисми ғарбии Ироқ, чӯпоне дар як биёбон хазинаеро дарёфт, ки онҷо 25 миллион доллар маҳфуз буд, хабар медиҳад шабакаи Al-Arabiya.

Манбаъ меафзояд, ки дар хазинаи бозёфтшуда пул, ҷавоҳирот аз тилло ва нуқра ҷой дода шудаст. Арзиши умумии ин бозёфт ба 25 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Супориши раисиҷумҳур ба Кумитаи амният дар бораи пулу моли афроди алоқаманд ба терроризм

Қайд мегардад, ки эҳтимол роҳбарони ташкилоти террористии ДОИШ пас аз пинҳон намудани пулу ҷавоҳирот дар биёбон, дигар ҷойи маҳфузкардаи худро гум карданд ва дороии онҳо зери замин монда буд.

Хазинаи пури пул ва ҷавоҳиротро чӯпон дар биёбоне пайдо кард, ки аз шаҳри Ал-Анбара дар фосилаи андак дуртар воқеъ буд.

Марги шавҳарамро интизор будам: ваъдаи кор дар Туркия як оиларо ба гуруҳи Толибон пайваст

Шаҳри Ал- Анбара миёни марзи Сурия ва Урдун ҷойгир аст.

555
Барчаспҳо:
дарёфт, хазина, чӯпон, ДОИШ