Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото

Эрдуғон мегӯяд бар асари ҳамалоти низомӣ дар шимоли Сурия ягон афроди мулкӣ зарар надид

109
(Таҷдидшуда 21:41 05.11.2019)
Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бар ин назар аст, ки ҳамалоти ахири низомӣ дар шимоли Сурия ба ягон афроди мулкӣ зарар нарасонд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik.  Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷаласаи фраксияи Ҳизби ҳукмрон ва рушд дар парлумони кишвар гуфт,  ки амлиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия ҳамоно идома дорад ва то ғалаба намудан бар террористон онро қатъ нахоҳад кард, хабар медиҳад шабакаи The Sky New.

Раисҷумҳурии Туркия қайд намудаст, ки дар минтақаҳои бехавф ва ҳамчунин дар гирду атрофи он, ҳанӯз ҳам ҷангҷӯён қарор доранд ва онҳоро бояд маҳв кард.

"Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар ин кишвар ҳеҷ як афроди мулкӣ, ҳатто ҷароҳати сабук ҳам набардоштанд", - афзудаст роҳбари Туркия дар ҷаласаи парлумонӣ

Изҳороти Эрдуғон дар ҳоле садо дод, ки чанде қабл сухангӯи парлумони маҳаллии Сурия, Илҳом Аҳмад изҳор намуд, ки дар рафти амалиёти Туркия дасти кам 509 афроди мулкӣ кушта шуд ва ҳамчунин 2733 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Туркия дар хоки Сурия аз оғози амалиёт зидди ҷангҷӯёни курд ва террористон эълон карда буд. Амалиёти Туркия пас аз он шурӯъ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз шимол-шарқи Сурия эълон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомии Туркия оғоз шуд ва Туркия онро “ҷанг бо терроризм” унвон кард. Туркия хостори таъсиси як "минтақаи амн"-и то 30-километрии дохили қаламрави Сурия аст. Аммо амалиёти Туркия боиси интиқоди аксарияти кишварҳои ҷаҳон шудааст.

109
Барчаспҳо:
Сурия, амалиёт, Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

15
Агентии тандурустӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Русия (Роспотребнадзор) мегӯяд, мавҷи дуюми COVID - 19 дар баробари зуком дар тирамоҳ пайдо мешавад ва ҷиддитар идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова зимни як барнома дар шабакаи "Россия - 1" аз бурузи мавҷи дуюми коронавирус ва зуком хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ тирамоҳи имсол мавҷи дуюми ин маризӣ бо омезиши ҳаргуна маризиҳои роҳи нафас ва ҳамзамон зуком шадидтар ҷараён мегирад.

"Ба фикри мо, яке аз сенарияҳои эҳтимолӣ ин аст, ки мавҷи дуюми коронавирус дар тирамоҳ, вақте ки сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ меафзояд, рух медиҳад. Эҳтимол дорад, ки коронавирус дар тирамоҳ зиёд мешавад ва ин моро ба ташвиш меорад", - афзудааст Попова.

Ӯ мегӯяд, "маҳз эҳтимолияти  шадидтар шудани вазъият моро водор мекунад, то зудтар ба истеҳсоли ваксин муваффақ шавем".

“Далелҳое мавҷуданд, ки ҳарду вирус, яъне COVID - 19 ва зуком ба якборагӣ дар як бемор пайдо шаванд. Ин як вазъияти хеле душвор аст. Аз ин рӯ, мо аллакай дар фикри он ҳастем, ки чӣ гуна шаҳрвандонамонро дар тирамоҳ ҳимоя кунем".

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Зимнан, Попова дар посух ба суоли он ки оё ваксин инсонро аз сироятшавӣ ба COVID- 19 комилан эъмин нигоҳ медорад, чунин посух дод, ки ваксин хатари ҷараёни вазнинро, ки мо дар тирамоҳ интизор ҳастем, ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

15
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, тирамоҳ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши гирифторони коронавирус дар ҷаҳон: аз 6 миллион гузашт

58
(Таҷдидшуда 11:44 31.05.2020)
Теъдоди  умумии гирифторони маризии коронавирус дар ҷаҳон ба 6 миллиону 54 ҳазору 187 нафар арзёбӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ба гузориши охирини Донишгоҳи Ҷон Хопкинси Амрико сар аз оғози пандемия то кунан 368 711 нафар ҳалок ва 2 миллиону 562 ҳазору 191бемор шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар Амрико (390 404 нафар), Бразилия (200 892), Испания (150 376), Олмон(164 829), Русия (167 469), Италия (155 633), Туркия (126 984), Эрон (116 827), Чин (78 291) ва Ҳиндустон (86 984) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Амрико (105 59), Британияи Кабир (38 376), Италия (33 340), Фаронса (28 77), Испания (27 125), Бразилия (28 834), Белгия (9 453), Мексика (9 779), Олмон (8 600) ва Эрон (7 734) шомил мебошанд.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Дар Тоҷикистон аз бурузи маризии коронавирус ба таври расмӣ 30 - юми апрел хабар доданд.

Теъдоди гирифторон ба ин маризӣ дар кишвар ба 3807 нафар расида, 1865 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон бар асари ин маризӣ дар кишвар 47 нафар ҷон бохтанд.

58