Разрушенная квартира после землетрясения

Заминҷунбии 6 балӣ: 6 нафар ҳалок ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд

899
(Таҷдидшуда 18:07 08.11.2019)
Заминҷунбии 5.9 дараҷаи Рихтер, шаби гузашта шаҳри Тарки Эронро такон дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бар асари заминҷунбии 5.9 дараҷа, ки шаби гузашта тақрибан соати 2:17 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ шаҳри Тарки Эронро такон дод, дасти кам 6 нафар ҷони худро аз даст дода, ҳамзамон аз маҷрӯҳ гардидани 70 нафари дигар гузориш дода мешавад.

Бар хабари шабакаи PressTV заминҷунби шаби рӯзи ҷумъа рух дода, маркази он 156 километри ҷанубу шарқи Табрез (музофоти Озарбойҷони Шарқӣ) гуфта мешавад.

Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро такон дод

Манбаъ аз қавли раиси идораи ҳолатҳои фавқуллодаи музофоти Озарбойҷони Шарқӣ Муҳаммад Боқир Ҳунар тавзеҳ медиҳад, ки ба макони ҳодиса дасти кам 8 гурӯҳи имдодрасон интиқол дода шудаст.

Зимнан, раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ низ дар бастаги ба зиминҷунбии шадид ба мақомоти марбута ҷиҳати сафарбар кардани тамоми захираҳо ва расонидани кӯмаки самарабахш ба қурбониёни офати табиӣ дастур додааст.

Бадахшони Тоҷикистонро заминларзаи 5 баллӣ такон дод

Гузашта аз ин волии музофоти Озарбойҷони Шарқӣ Муҳаммад Реза Пур-Муҳаммадӣ низ ба раисҷумҳури Эрон дар бораи вазъияти минтақаҳои офатзада гузориш дода таъкид намудаст, ки тамоми имконоти идораи бӯҳрон дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ барои кӯмак ба аҳолии зарардида сафарбар карда мешаванд.

Вай инчунин аз оғози кӯчонидани одамони бехонаву дар ба лагерҳои муваққатиро эълон кард.

899
Барчаспҳо:
захмӣ, ҳалокат, заминҷунбӣ
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

147
(Таҷдидшуда 02:18 28.05.2020)
Вазорати дифои Амрико эълом кардааст, ки эҳтимол дорад зиёд аз 50 дарсади неруҳои амниятии Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи Нию-Йорк Таймз, Вазорати дифои Амрико - Пентагон ба далели шуйюи коронавирус миёни неруҳои амниятии афғон, амалиёти муштарак ва омӯзиши низомиёни Афғонистонро мутаваққиф карда ва ин мавзӯъ амалиёти алайҳи неруҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ-ро таҳти таъсир қарор додааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, бо вуҷуди таваққуфи амалиёти низомии муштарак, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин кишвар алайҳи неруҳои террористӣ идома хоҳад дошт.

Мақомоти Пентагон бар ин боваранд, ки 50 дарсади низомиёни Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Тибқи оморе, ки мақомоти Афғонистон санаи 25 май нашр карда буд, дар ин кишвар, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт.

Он замон гуфта шуда буд, ки аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

147
Барчаспҳо:
густариш, вазорати дифоъ, эҳтимол, вирус, Амрико, Афғонистон
Подпись документов

Таъсиси ордени "Саломатӣ" барои беҳтарин табибон дар Ӯзбекистон

99
(Таҷдидшуда 11:45 27.05.2020)
Ҷоизаи ифтихорӣ ба ӯзбекҳо, хориҷиён ва инчунин шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои барандагон маблағҳои пулӣ ва ҳамзамон  имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қарор дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (“Саломатӣ”) аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Гуфта мешавад, ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди системаи тандурустии кишвар, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа супурда мешавад. Онро метавон аз ҷумла хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ ба даст оваранд.

Нишон аз ду дараҷа иборат аст. Ордени дараҷаи I ба шахсоне, ки барои саҳми назаррас дар рушд ва такмили соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкамгардонии саломатии мардум, ордени дараҷаи II ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои мухталиф ва рафъи онҳо фаъоланд, мукофотонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳавасмандӣ ҳамзамон барандагонро маблағҳи пулӣ ва имтиёзҳо тақдим мешавад.

99

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

0
(Таҷдидшуда 11:15 28.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ду садамаи ахире, ки дар роҳҳои ҷумҳурӣ сурат гирифтааст, се шаҳрванди кишвар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 26-уми майи соли равон,  ронандаи худрави “БМВ-320” Холмуродов Қурбоналӣ, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ, Азизов Зулфиқор Тағоймуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкурро пахш кард.

Баъд аз пахши пиёдагард худрав боз ба дарахти дар канори роҳ буда бархурдааст. 

ВУд қайд кардааст, ки дар натиҷа ноболиғ Азизов Зулфиқор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, худи ронанда Холмуродов Қ. ҷароҳати бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамзамон, санаи 27-уми майи соли равон, ронандаи худрави “Мерседеc-Бенс”, Абдуалимов Абумутолиб, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти маҳаллаи Ховарон рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №1 кӯчаи Зебуниссо аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа мусофирони ин худрав Алиев Абдураҳмон, соли таваллудаш 2001, Назаров Сунатулло, соли таваллудаш 2001, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - қайд намудааааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ронандаи мошин Абдуалимов А.Б. ва як мусофири дигар Сидиқов Мавлавӣ, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

0
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҷавон, вазорат, шаҳрванд, маргбор, садама, Тоҷикистон