Афганские силовики прибыли на место где произошел взрыв в мечети 24 мая 2019

Таркиш дар наздикии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон: 7 кушта 19 захмӣ

158
(Таҷдидшуда 15:05 13.11.2019)
Бар асари як таркиши худрав дар Кобул пойтахти Афғонистон ҳафт кушта шуд ва 19 нафари дигар захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки субҳи рӯзи чаҳорашнбе дар наздикии Вазорати кишвари Афғонистон руй дод, 19 нафар низ захмӣ шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Тамомии куштаҳо ва захмиҳои ин таркиши террористӣ ғайринизомӣ ҳастанд.

Масъулони амниятии Афғонистон эълом карданд, ки ҳадафи таркиш дар шаҳри Кобул пойтахти ин кишвар худрави шаҳрвандони хориҷӣ будааст.

Як масъули амниятии афғон, ки хост номаш фош нашавад гуфт, дар таркиши субҳи рӯзи чаҳорашнбе дар ҳавзаи понздаҳуми амниятии шаҳри Кобул худрави шаҳрвандони хориҷӣ ҳадаф қарор гирифта, ки бар асари он се тан аз онҳо захмӣ шуданд.

Бархе гузоришҳо низ аз кушта шудани чанд шаҳрванди фаронсавӣ ҳикоят дорад.

Ин таркиш як рӯз баъд аз тасмими Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон барои мубодилаи се узви баландпояи Толибон аз ҷумла Анас Ҳақонӣ бародари саркардаи шабакаи террористии Ҳақонӣ, ки  дар зиндони амрикоии Багром ба сар мебарад бо ду шаҳрванди Амрико ва Фаронса, ки дар банди Толибон буданд ба вуқуъ пайваст.

То кунун ҳеҷ фард ё гуруҳе масъулияти ин таркишро баруҳда нагирифтааст.

158
Барчаспҳо:
пойтахт, захмӣ, кушта, Кобул, таркиш, Афғонистон

Лукашенко Лукашенкоро аз мансабаш барканор кард

1410
(Таҷдидшуда 18:55 26.02.2021)
Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки дар дастгоҳи президенти Беларус тағйироти кадрӣ анҷом диҳад ва писарашро аз вазифа сабукдӯш кунад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Писари калонии президенти Беларус, Виктор Лукашенко роҳбари Кумитаи миллии олимпии кишвар таъйин шуд, хабар медиҳад БелТА.

Бояд қайд кард, ки Виктор Александрович вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллиро ба ӯҳда дорад.

Тибқи изҳороти президенти Беларус, дар робита ба таъйиноти нав, писари калониаш аз вазифаи ёрдамчии президент барканор карда мешавад.

"Имрӯз вай бо тамоми оқибатҳои минбаъда аз вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллӣ озод карда мешавад", - гуфт президенти Беларус.

Писари калони Александр Лукашенко Виктор 28 ноябри соли 1975 таваллуд шудааст. Вай дар қисми махсуси нерӯҳои марзбонӣ хидмат кардааст.

Ӯ қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ, аз соли 2005 ба ҳайси ёвари президент оид ба амнияти миллӣ корро оғоз карда, пас аз ду сол ба Шӯрои амнияти Беларус таъйин шуд. Аз соли 2019, ӯ ноиби президенти КМО буд ва ҳамакнун раҳбари он гардид.

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

Бародари ӯ, Дмитрий Лукашенко, мансаби раиси шӯрои марказии иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҷамъиятии "Клуби варзишии президентӣ" -ро дорад ва узви КМО Беларус мебошад.

Писари хурдии Лукашенко Николай 31 августи соли 2004 бидуни никоҳ таваллуд шудааст.

Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

Вай дар литсейи Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил карда, пас аз нооромиҳо дар кишвар ба муассисаи таълимии Маскав интиқол дода шудааст.

1410
Барчаспҳо:
КМО, мансаб, Александр Лукашенко, Беларус
Президент Белоруссии Александр Лукашенко (справа) со своими сыновьями Виктором, Николаем и Дмитрием (слева направо)

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

912
(Таҷдидшуда 17:43 26.02.2021)
Президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавзӯи ҳассоси интиқоли қудрат дар кишвар ва ба яке аз писаронаш додани вазифаи сарвари давлат дахл кард

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Пас аз он ки писари Лукашенко вазифаи нав гирифт, дар саросари кишвар овозаҳо паҳн карданд, ки Александр Лукашенко қасд дорад қудратро дар кишвар ба ихтиёри яке аз наздиконаш гузорад.

Александр Лукашенко ин гуна тахминҳоро ба таври дағалона шарҳ дод.

"Ман бисёр вақт мегуфтам, ки ин ҳеҷ гоҳ дар оилаи мо баррасӣ нашудааст ва онро муҳокима кардан мумкин нест. Азбаски пас аз ман ҳеҷ яке аз фарзандони ман дар Беларус президент нахоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко пеш аз интихоби роҳбарияти Кумитаи милии олимпӣ, хабар медиҳад БЕЛТА.

Ёдовар мешавем, ки писари калонии президент Виктор Лукашенко ба ҳайси ёвари сарвари давлат ва аз 26 феврал раҳбари Кумитаи миллии олимпии Беларус аст.

Бисёриҳо бар онанд, ки номзади беҳтарин барои мақоми президенти оянда писари хурдии Лукашенко аст.

Николай дар байни занони Беларус маҳбуб аст.
Ғайр аз ин, Александр Лукашенко дар синни 12-солагӣ сар карда карда писарро бо худ ба ҳама чорабиниҳои муҳим мебарад.

Лукашенко: каме дар курсии раисҷумҳури Беларус зиёдтар нишастам

Хотиррасон мекунем, ки президенти Беларус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" эътироф кард, ки шояд ӯ ҳамчун сарвари давлат "каме бештар нишаста" бошад.

Аммо, Лукашенко илова кард, ки ӯ наметавонад ҳоло курсии президентиро тарк кунад.

912
Барчаспҳо:
президент, Александр Лукашенко, Беларус

Норозигии мухлисон баъди эълони шикасти Ғаффоров ва ваъдаи президенти "Ахмат" - видео

0
(Таҷдидшуда 15:19 27.02.2021)
Дар зӯрозмоии Absolute Championship Akhmat (ACA) 118 дар Маскав дар пайи сабқати Азам Ғаффоров, размикори тоҷик ва рақиби бразилиягияш Чарз Энрике моҷаро бархест

Доварони сабқат пирӯзиро ба размикори бразилиягӣ доданд, ки ин боиси норозигии мухлисони  Азам Ғаффоров шуд.

Нахуст низомиёни “Росгвардия” талош карданд, норозиёнро ором созанд ва сипас ба назди онҳо Абузайд Висмурадов, президенти бошгоҳи “Ахмат” омад. Ӯ ваъда дод, ки қазияро ҳал мекунанд.

Худи Азам Ғаффоров дар пайи сабқат дар суҳбат бо хабарнигорон аз тасмими доварон изҳори норозигӣ кард. Ӯ бо ишора ба рақибаш, ки ба зӯр аз майдон берун омада ҳаракат мекард, изҳор дошт, ки ин ҷо маълум буд, кӣ пирӯз гардид.

Ғаффоров таъкид кард, ки худро пирӯзи ин сабқат медонаду омода буд даври дигар ҳам зӯрозмоӣ кунад.

Феълан Ғаффорови 27-сола 11 пирӯзӣ ва ду бохт дорад.  Ҳар ду шикаст ҳам бо қарори доварон дода шудааст.

0
Барчаспҳо:
сабқат, мухлисон, Тоҷикистон