Instagram лайкҳоро дар саросари ҷаҳон пинҳон мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкИконка социальной сети Instagram, архивное фото
Иконка социальной сети Instagram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шабакаи ҷаҳонии Instagram навгонӣ пайдо шуд. Аз ин ва баъд, қисме аз истифодабарандагони Instagram наметавонанд лайкҳои ҳамвандонашонро бубинанд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Instagram дар низоми тестӣ барномаеро роҳандозӣ кард, ки лайкҳои истифодабарандагонро дар саросари ҷаҳон пинҳон мекунад.

Дар ин бор дар саҳифаи расмии Instagram дар Twitter хабар дода шудааст.

Тобистони ҳамин сол, ин барномаи санҷишии Instagram дар бархе аз кишварҳо роҳандозӣ шуда буд, вале акнун он тамоми ҷаҳонро фаро гирифт.

Барнома пинҳон кардани лайкҳоро дар зери аксҳои истифодабарандагонаш дар назар дорад.

Дигар истифодабарандагони ин шабака наметавонанд, шумораи лайкҳои ҳамвандонашонро бубинанд.

Пештар барномасозон бартарии шакли навро шарҳ дода буданд. Онҳо гуфтанд, ин метавонад, ба масъалаи худбаҳодиҳии паст таъсири мусбӣ расонад ва хариду фурӯши лайкҳоро дар Инстаграм аз байн барад.

Лентаи хабарҳо
0