Фунты стерлингов, архивное фото

Бахти баланд: мард барои ҳамсари бемораш лотерея харид ва миллионер шуд

927
(Таҷдидшуда 12:57 18.11.2019)
Марди бритонӣ гуфт, ки маблағи бурдро барои хариди худравҳои замонавӣ ва сайёҳат сарф намекунад, балки қисме аз маблағро барои амалӣ кардани орзуи деринаи худ харҷ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Сокини Бритониёи Кабир Кевин Фрэнсис барои ҳамсари бемораш лотерея харида миллион фунт стерлинг (12 миллион сомонӣ) бурд кард, менависад  Daily Mirror.

Мард ду скретч-корти лотереяи Merry Millions-ро барои завҷаи 75-солаи худ, ки қисман маъюб аст, харидорӣ кардааст.

"Брендӣ бемор аст. Барои ҳамин скретч-кортҳо барои ӯ чун бозии дилхушкунанда аст. Одатан ман онҳоро кам харидорӣ мекунам. Вале, намедонам, чӣ қуввае маро маҷбур кард, ки даст ба ҷайбам бараму лотерея харам... Баъд ман чанд вақт чиптаҳоро дар дастам мегардондам ва бовар намекардам, ки як миллион фунт стерлинг ин дар воқеъ як миллион фунт стерлинг аст. Ман мумкин шокӣ будам, ки дар давоми як соат ба Брендӣ нагуфтам. Вақте гуфтам, ӯ фикр кард, ки ман масхарааш мекунам", - нақл мекунад Фрэнсис.

Марди бритонӣ гуфт, ки маблағи бурдро барои хариди худравҳои замонавӣ ва сайёҳат сарф намекунад, балки қисме аз маблағро барои амалӣ кардани орзуи деринаи худ харҷ хоҳад кард.

"Ман дар наздикии баҳр зиндагӣ мекунам ва доим мехостам, шиновариро ёд гирам, вале барои ин на пул доштаму на вақт. Акнун ман метавонам ин орзуямро амалӣ кунам", - қайд мекунад, Кевин.

Ӯ илова кардааст, ки мехоҳад хонаро барои ҳамсари бемораш бароҳат муҷаҳҳаз кунад.

927
Барчаспҳо:
миллионер, миллион, бурд, Бритониё
Школьники, архивное фото

Роҳбари СҶБ аз кишварҳо хост дари макотибро барои чанд моҳ банданд

68
(Таҷдидшуда 19:36 24.10.2020)
Роҳбари Созмони ҷаҳонии бедошт ба роҳбарони аксар кишварҳо муроҷиат намуда гуф, ки вақтҳои охир суръати паҳншавии вируси COVID - 19 бениҳоят нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, ӯ хост дари мактабҳо баста шавад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тедрос Аданом Гебреисус роҳбари СҶБ ҳушдор додааст, ки чанд моҳи ахир вазъи коронавирус дар ҷаҳон шадид хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дари макотибу донишгоҳҳо бояд барои чандр моҳи оянда баста шавад. Дар ин бора роҳбари СҶБ зимни ҳамоише дар Женева ибрози назар намуд.

Тедрос мегӯяд, якчанд моҳи ахир вазъи паҳншавии коронавирус шаддид мешавад.

"Мо дар чорроҳаи муҳим барои пандемияи COVID-19 қарор дорем, алахусус дар нимкураи Шимолӣ. Чанд моҳи оянда хеле душвор хоҳад буд ва баъзе кишварҳо дар траекторияи хатарнок қарор доранд", - ҳушдор дод Гебрейесус.

Бисёре аз кишварҳо ба болоравии шадиди беморӣ дучор меоянд, чунин вазъ метавонад ба зудӣ захираҳои системаи тандурустиро тамом кунад, гуфт роҳбари СҶБ. Вай аз пешвоёни ҷаҳон даъват кард, ки аз бадтарин ҳолат бояд пешагӣ ҷилавгирӣ кард ва "барои роҳ надодани ба шумораи зиёди маргу мир, бояд дари мактабҳо баста шавад".

Зимнан, роҳбари СҶБ дарост намуд, ки ба аҳолӣ вазъияти аслӣ дар робита ба паҳншавии вирусро бояд гуфт ва аз мардум ягон чизро набояд пинҳон кард.

Ӯ ҳамзамон ба дастгирӣ намудани башарият ҷиддан таъкид кард.

Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то кунун дар саросари олам 42 миллиону 499 ҳазору 679 нафар ба вируси  Covid-19 сироят шудаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин вирус боз 130 ҳазору 989 нафар мубтало гардиданд.  Аз оғози пандемия дар олам аз коронавируси нав 1 миллиону 149 ҳазору 383 нафар фавтидаанд. Ин манбаъ ҳамчунин аз пурра муолиҷа шудани 31 миллиону 430 ҳазору 288 нафар хабар дод

68
Барчаспҳо:
баста, мактаб, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Члены террористического движения Талибан в Афганистане

Толибон раиси як минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро рабуданд

48
(Таҷдидшуда 18:53 24.10.2020)
Давраи навбатии тақобули толибҳо ва ҳукумати Афғонистон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон: мансабдори минтақавӣ дуздида шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Толибон иҷрокунандаи вазифаи раиси Ишкошимро дар музофоти шимолии Таҳор рабуданд, хабар медиҳад нашрияи Ariana News.

Саифурраҳмон аз ҷониби ҷангиён рӯзи панҷшанбе соатҳои 16:00 дуздида шудааст.

Бино бар иттилои шоҳидон, толибҳо мансабдорро вақте ки аз ҷои кор ба манзилаш бармегашт, бурдаанд.

Котиби матбуоти полиси Таҳор Халил Асир далели дуздида шудани раиси Ишкошимро таъйид кард, аммо аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуд.

“Толибон қудрат мехоҳанд, на сулҳ! Амрико моро фиреб дод” – мусоҳиба бо Фаҳими Куҳдоманӣ

Ин ҳодисаро бо муташанниҷ шудани тақобули толибҳо ва қувваҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла музофоти Таҳор иртибот медиҳанд, аммо тасдиқи расмии ин маълумот нест.

 

48