Реклама хиджаба

Дар боғча ва макотиби Олмон пӯшидани ҳиҷоб мамнӯъ мешавад

248
(Таҷдидшуда 11:31 20.11.2019)
Эҳтимол дар Олмон пӯшидани ҳиҷоб барои толибилмҳои макотиби ибтидоӣ ва ҳамзамон кӯдакистонҳо манъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Роҳбари Иттифоқи масеҳии демократӣ Аннегрет Крамп- Карренбауэр ба пӯшидани ҳиҷоб барои духтарони мактабхон ва кӯдакистонҳо мухолифат карда, дархост намудаст, ки дар бар кардани он дар ин муассисаҳо манъ карда шавад, хабар медиҳад Handelsblatt.

Манбаъ меафзояд, ки роҳбари ин иттифоқ комилан зидди пӯшиши ҳиҷоб аст.

"Пӯшидани ҳиҷоб кӯдакони хурдсолро ҳам дар макотиби ибтидоӣ ва ҳам дар кӯдакистонҳо ба бегона табдил медиҳад. Мо мехоҳем ба ҳар ҳол инро пешгирӣ кунем", - афзудаст роҳбари ИМД.

Ба боварии Крамп- Карренбауэр, пӯшидани ҳиҷоб дар ин синну сол нишонаи диндорӣ нест, балки талаботи волидони кӯдакон мебошад.

Гузашта аз ин, вай бовар дорад, ки  рӯмол ба муоширати кӯдакони мусалмон ва масеҳӣ халал мерасонад, зеро кӯдакони ҳиҷобпӯш ҳамчун "бегона" қабул карда мешаванд.

Маликаи рақс рӯи ях бо ҳиҷоб: варзишкори АМА, ки қоидаи бозиро дигар кард

Гузашта аз ин намояндагони иттифоқ эътироф намудаанд, ки тамоми масъулият дар интихоби пӯшидани ҳиҷоб аз ҷониби духтарони хурдсол ба дӯши волидайн гузошта шудааст, аммо онҳо имкони манъ кардани ҳиҷоб дар макотибу кӯдакистонро  истисно намекунанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта парлумони Австрия пӯшидани ҳиҷоб дар макотиби ибтидоӣ ва кӯдакистонҳоро мамнӯъ карда буд.

248
Барчаспҳо:
мамнӯъ, ҳиҷоб, кӯдакистон, мактаб, Олмон