Узбекские деньги, архивное фото

Раиси бахши Иттиҳоди ҷавонон кисапулиашро дар принтер чоп мекардааст

853
(Таҷдидшуда 16:59 24.11.2019)
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон нисбати Раиси бахши Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар барои чопи пулҳои қалбакӣ дар принтер парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раиси бахши Иттиҳоди ҷавонони Узбакистон дар ноҳияи Касбии вилояти Қашқадарё Б. А.-и 24-сола дар принтер пул чоп мекардааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон” дар истинод ба хабаргузории УзА.

Тибқи иттилои манбаъ, мансабдори ҷавон дар маҳаллаи “Муғлон” сехи дӯзандагиеро ба иҷора гирифта, бо принтери рангаи “LENOVO” пул чоп кардааст.

Номбурда ҷамъан 172 дона пули 50-ҳазорсӯмӣ чоп карда, 84 донаи дигар барои нашр омода будаанд.

Пулҳои қалбакӣ дар натиҷаи як амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон ошкор ва мусодира шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар додан, ки гумонбар дар ҳоли ҳозир боздошт ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

853
Барчаспҳо:
чоп, парвандаи ҷиноӣ, парванда, қалбакӣ, пул, иттиҳод, ҷавонон, Узбакистон