Facebook, архивное фото

Вакилони ҳуқуқ зидди  Google ва Facebook баромад карданд

89
(Таҷдидшуда 19:15 26.11.2019)
Ташкилоти дифои ҳуқуқ – Amnesty International – дар ҳаҷми 60 саҳифа ҳисоботе пешниҳод кардааст, ки дар он аз поймол намудани ҳуқуқи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии  Google ва Facebook гуфта шудааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. “Тарҳи тиҷории ширкати  Google ва Facebook ба ҳуқуқи инсон таҳдид мекунанд”, навиштааст машҳуртарин ташкилоти дифои ҳуқуқ – Amnesty International  дар ҳисоботи худ дар ҳаҷми 60 саҳифа.

“Шабакаҳои Google ва Facebook ба ҷомеа хатар доранд. Тарҳҳои тиҷории ин шабакаҳо, ки дар асоси назорат бунёд шудаанд, одамонро маҷбур месозанд, ки “бо шайтон сару кор гиранд”. Он корҳое, ки ба востаи ин шабакаҳо анҷом дода мешаванд ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин шарҳ дода мешавад, ки ин шабакаҳо ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ дахолат мекунанд ва он чики дар он ҷо сабт мешавад ҳатто фикрии шахсии кас метавонад барои ояндаи шахсии ҳар як истифодабаранда таҳдидовар бошад.

Дар ҳисобот омадааст, ки Google ва Facebook ба истифодабарандагонашон “гуё дастрасии бепулро” таъмин мекунанд, аммо бар ивазаш аз одамон маълумоти шахсӣ (логин ва парол) талаб мекунад (перевод RT).

Дар охири ҳисобот ба давлат ва ширкатҳои шахсӣ дастурҳо пешниҳод гардидаст. Агар кутоҳ карда гӯем, давлат бояд аҳолиашро эҳтиром гузорад ширкатҳои шахсь бояд аз болои "дастҳои оҳанин" ва ё робортҳо назорат баранд.

Тааҷубовар он аст, ки ташкилоти ҳомии ҳуқуқ, ки дар аввал бар зидди таъсири кишварҳо ба шаҳрвандон аз боллои истифодаи интернет муқовимат мекард, ҳоло бошад пешниҳод кардааст, ки аз болои истифода интернет назорат бурда шавад. Бояд ба таври доими алгаритм ва рамзи платформаҳои хабарӣ аз тарафи коршиносони давлатӣ таҳлил карда шаванд.

Бояд гуфт, ки  Google ва Facebook ҳарду ширкатҳои Амрикоӣ мебошанд ва барои ҷалби ҷомеа ва ҷамъоварии иттилоот дар дунё ва ё кишвари махсус равона шуданд.  

89
Барчаспҳо:
ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ, шабакаи иҷтимоии Фейсбук, Амрико