Здание правительства России с приспущенным флагом, архивное фото

Рӯзи мотам дар Забайкал: садамаи мудҳиш ҷони 19 мусофирро рабуд - акс

417
(Таҷдидшуда 13:46 02.12.2019)
Дар рӯзи мотам парчамҳои давлатии Русия ва қаламрави Забайкал дар тамоми минтақа паст карда мешаванд ва тамоми барномава чорабиниҳои фароғатӣ лағв карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Рӯзи 1 - уми декабр дар манотиқи Забайкал садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод. Автобуси мусофирбар аз болои купрук сарозер шуд, ки дар натиҷа 19 мусофир ҳалок ва 21 тани дигар сахт маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

котиботи Кумитаиҳолатҳои фавқуллодаи Русия
Садамаи мудҳиш дар манотиқи Забайкал

"Автобус рӯзи 1 - уми декабр аз болои купруки дарёи Куэнг сарозер шуд, ки дар натиҷа 19 нафар ба ҳалокат расида, 21 мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона гардиданд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, имрӯз барои садамаи маргбор дар тамоми манотиқи Забайкал рӯзи мотам эълон гардида, баргузор шудани барномаҳо ва ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ лағв гардидааст.

Ҳамзамон, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ низ оғоз гардидааст.

Ронандаи автобус аз Тоҷикистон дар Екатеринбург ба садама дучор шуд

Дар рӯзи мотам парчамҳои давлатии Русия ва қаламрави Забайкал дар тамоми минтақа паст карда мешаванд ва барномаҳои фароғатӣ лағв карда мешаванд.

Гузашта аз ин, сарвазири Русия  Дмитрий Медведев дастур додааст, то ба хонаводаи қурбониён ва захмбардоштагони ин ҳодиса кумак расонда шавад.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр дар Тошканд бо иштироки ду автобус садамаи мудҳиш рух дод, ки дарнатиҷа як мусофир ҷон бохт ва боқимондаҳо бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

417
Барчаспҳо:
эъломи рӯзи мотам, автобус, садама
Молящиеся в защитных масках в мечети

Эрон аз мубтало шудани 2 ҳазор нафар ва фавти 132 кас аз коронавирус дар як рӯз хабар дод

43
(Таҷдидшуда 18:31 08.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари маризии коронавирус 132 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон 2 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 282 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 125 бемори нави мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Лорӣ бо баёни ин ки  маҷмуи беморони коронавирус дар Эрон ба 324 ҳазору 692 нафар расидааст афзуд, дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 264 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 282 ҳазору 122 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 20 миллион  нафар расидааст.

43

Мақомот: дар ҳамла ба зиндони Нангарҳор чор тоҷик ширкат доштанд

149
(Таҷдидшуда 18:55 08.08.2020)
Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, дар ҳамла ба зиндони Нангарҳор аз 11 муҳоҷим чор нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон буданд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамла чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, се тан аз Ҳинд, як нафар аз Покистон ва се тани дигар аз Афғонистон даст доштанд.

"Ҳамаи онҳо аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд ва шахсияти онҳо таҳқиқ мешавад. Ҳамагӣ узви гуруҳи террористии ДОИШ ҳастанд", - гуфт Фавод Амон.

Тақрибан ҳаволии соати 7 – и шоми рӯзи якшанбеи гузашта як гуруҳи мусаллаҳ худрави бомбгузоришударо дар наздикии дари вурудии зиндони Нангарҳор мунфаҷир карданд ва сипас бо нируҳои муҳофизи зиндон даргир шуданд. Ин даргирӣ ҳудуди 23 соат идома дошт ва муҳоҷимон дар ин муддат девори зиндонро бо инфиҷор шикофта, ба дохили зиндон даромаданд ва 272 зиндониро раҳо сохтанд.

Тибқи иттилои вазорати дифоъи Афғонистон, дар ин ҳамла 11 шӯришӣ даст доштанд, ки илова бар онҳо 29 тан ғайринизомӣ низ кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд.

Суолу фарзияҳои Серенко дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ: ба “ДОИШ” монанд нест

Бино ба ин манбаъ, ҳудуди 10 узви Толибон низ аз сӯи ҷангиёни муҳоҷим кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Фавод Амон мегӯяд, ҳамла ба зиндони Нангарҳор ҷузъи як силсилаҳуҷумҳои гуруҳи террористии ДОИШ дар Нангарҳор буд.

Ба қавли ӯ, гуруҳҳои дигари муҳоҷимон дар амалиётҳои ҷудогона мехостанд шаҳри Ҷалолобод, маркази Нангарҳор ва майдони ҳавоии вилоятро бомбаборон кунанд.

"Неруҳои командуи мо бо ин муҳоҷимон дар вулусволии Беҳсуд вориди ҷанг шуда, онҳоро шикаст доданд. Як гуруҳашонро, ба шумули фармондеҳи қаттоли ДОИШ ба номи Муҳаммад Саид, зинда дастгир кардем, ки сарашон таҳқиқ ҷараён дорад ва ба зудӣ аз натиҷаи ин бозрасиҳо ба расонаҳо иттилоъ хоҳем дод", - гуфт муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, дар зиндони Нангарҳор ҳудуди 1,5 ҳазор маҳбус нигаҳ дошта мешуд, ки аз ин шумора 300 нафарашон доишӣ буданд ва гумон меравад, онҳое, ки муваффақ ба фирор шудаанд, узви ин гуруҳанд.

149