Флаг Ирана

Эрон барои пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё наздик шуд

215
(Таҷдидшуда 12:42 03.12.2019)
Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё иҷроӣ шудани мувофиқатномаи муваққати ин иттиҳодия бо Ҷумҳурии исломии Эронро эълом кард

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, Иттиҳоди  Иқтисодии АвруОсиё бо ирсоли ёддоште расмӣ ба Сафорати Ҷумҳурии исломӣ Эрон дар Русия иҷроӣ шудани мувофиқатномаи муваққати ин иттиҳодия бо Эронро эълом кард.

Дар ин ёддошти расмӣ, замони иҷроӣ шудани мувофиқатномаи муваққати Иттиҳодияи АвруОсиё бо Эрон бисту ҳафтуми октябри соли 2019 эълом шудааст.

Бо иҷроӣ шудани ин тавофуқнома 862 қалам коло байни кишварҳои узв ва Эрон аз мазиятҳо ва муофиятҳои гумрукии вижа баҳраманд мешаванд.

Ҳамзамон бо иҷрои расмии ин тавофуқнома, коргуруҳҳо ва комиссионҳое дар вазоратхонаҳо ва созмонҳои муртабит дар Эрон фаолияти худро оғоз карданд, то бар раванди иҷрои ин тавофуқнома назорат кунанд.

Ин иттиҳодия кори худро  ба таври расмӣ аз аввали январи 2015 оғоз кардааст.

Кишварҳои узви АвруОсиё ҳамакнун 20 миллион километри мураббаъ масоҳат ва беш аз 183 миллион нафар ҷамъият доранд, ки 5.2 дарсади ҷамъияти ҷаҳон аст.

Пайвастан ба ин иттиҳодия фурсате қобили тааваҷҷуҳ барои иқтисоди Эрон эҷод мекунад ва метавон аз ин тариқ бахше аз асари таҳримҳоро ҷуброн кард.

215
Барчаспҳо:
пайвастан, иқтисод, АвруОсиё, Эрон