Военные контртеррористического подразделения CTS патрулируют в западном Мосуле, архивное фото

Боздошт шудани муовини Абубакр Бағдодӣ дар Ироқ

253
(Таҷдидшуда 16:23 04.12.2019)
Кормандони пулис дар деҳаи Хавиҷи Ироқ як исёнгарро аз манзили ба иҷорагирифтааш боздошт намуданд. Номбурда Абу Ҳолдун буда, муовини Абубакр Бағдодӣ будааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқ муовини роҳбари марҳуми ДОИШ Абубакр ал - Бағдодиро боздошт намуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Тибқи иттилои мақомоти амниятии Ироқ, пулис аз деҳаи Хавиҷ як фарди мусаллаҳ бо номи Абу Ҳолдунро дар манзили иҷора боздошт намуда аз номбурда як шиносномаи қалбакӣ бо номи Шаалян Убайд дарёфт карданд.

Гуфта мешавад, ҷинояткор ба ҳайси муовини ал-Бағдодӣ хидмат карда, инчунин дар вилояти Салоҳ ад-Дин ҳачун "амири ҳарбӣ" фаъолият мекард.

Ҳукумати Туркия хоҳарбузурги Абубакр Бағдодиро бо аҳли хонаводааш боздошт кард

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 - уми октябр, раисиҷумҳури амрико Доналд Трамп хабари марги роҳбари созмони террористии ДОИШ- ро эълом намуд.

Трамп гуфт, ҷараёни амалиётро назорат кард, Бағдодӣ чун як саг, гирёну нолон мурд, чун тарсу, на чун қаҳрамон. Ӯ афзуд, ки дар пайи даргирии дусоатӣ Бағдодӣ ҳамроҳи фарзандонаш вориди нақб шуд.   Илова шуд, ки Бағдодӣ ҳангоми фирор аз низомиён гирёну нолон камарбанди маргталабро тарконд, ки дар натиҷа ҳамроҳи ӯ ду зану се кӯдак низ ба ҳалокат расиданд.

Хабари кушта шудани роҳбари ДОИШ Абубакр Баӯдодиро, намояндагони ин гурӯҳи террористӣ низ тасдиқ намуданд.

Бар хабари сомонаи марбут ба ҷангиёни Давлати Исломӣ Amaq Бағдоди аснои як амалиёти низомии ҳавои ва заминии Амрико дар қаламрави Сурия кушта шуд.

Ба нақл аз гузориши ин хабаргузорӣ, маҳалли будубоши роҳбари ДОИШ- ро яке аз атрофиёни ӯ ифшо намудаст ва неруҳои Амрикоӣ маконе, ки дар он ҷо Бағдоди пинҳон буд, ҳадафи ҳамла қарор доданд.

253
Барчаспҳо:
Ироқ, Абубакр Бағдодӣ, муовин, боздошт
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

1085
(Таҷдидшуда 14:21 22.10.2020)
Дар Британия яке аз иштирокчиёни озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус ба ҳалокат расид. Марҳум ҳамагӣ 28 сол дошта, ба ҳайси табиб кор мекард

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Дар Бразилия иштирокчии озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус, ки аз ҷониби ширкати дорусозии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, даргузашт, менависад рӯзномаи бритониёии Globo бо истинод ба Агентии назорати тандурустии Бразилия.

Манбаъ меафзояд, ин мард рӯзи 15 октябр аз маризии сироятии COVID-19 ҷон бохт.

"Марҳум табиби 28 - сола буда, дар клиникаи хусусии Рио - де - Жанейра дар шӯъбаи эҳёгарӣ бо маризони мубталои коронавирус кор мекард. Ӯ бемориҳои музмин надошт".

Пизишки ҷавон моҳи июл тасмим гирифтааст, ки дар озмоиши ваксинаи сохти бритонӣ иштирок кунад, аммо моҳи сентябр худ мубталои ин дард шуд.

Феълан дақиқ мешавад, ки оё табиб дар асл ҳам ваксинаи алайҳи коронавирус гирифта буд ва ё танҳо бо платсебои муқаррарӣ ӯро сӯзандору намуданд.

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи "ДОр", ки озмоишро дар Рио-де-Жанейро мегузаронад, дар Бразилия ҷамъан 8000 ихтиёриён дар барномаи байналмилалии таҳқиқоти ваксинаи AstraZeneca иштирок мекунанд. Аммо, танҳо нисфи онҳо ваксинаи воқеӣ гирифтанду халос.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябр ширкати AstraZeneca дар бораи боздоштани озмоиши ваксина алайҳи коронавирус хабар дод. Иллати боздоштани озмоиш, ба вокуниши як иштирокчӣ аз таъсири манфии ваксина рабт дода мешавад.

Амрико аз уҳдаи сохти ваксина намебарояд ва дар бохташ Русияро айбдор мекунад - навор

Зимнан, озмоишҳои ваксинаи коронавирус инчунин аз ҷониби Johnson & Johnson, Inovio Pharmaceuticals ва Eli Lilly низ боздошта шуданд.

Бояд зикр намуд, ки Русия то ҳол се ваксинаи коронавирусро бомуваффақият таҳия кард.

1085
Барчаспҳо:
даргузашт, табиб, дору, Бритония
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Скорая помощь около отделения банка Грузии, где вооруженный мужчина захватил заложников в Зугдиди

Дар Гурҷистон силоҳбадаст 19 нафарро гаравгон гирифт: 500 000 доллар талаб дорад - навор

448
(Таҷдидшуда 19:25 21.10.2020)
Силоҳбадаст, ки ба биноги яке аз бонкҳои Гурҷистон ворид шуда, 19 нафарро гарав гирифт, акнун бар ивази раҳо кардани онҳо 500 ҳазор доллар талаб дорад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Зугдиди Гурҷистон марди мусаллаҳ дар бинои бонк 19 нафарро гарав гирифт, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон.

Ба иттилои манбаъ, миёни гаравгонон ҳам кормандони бонк ва ҳам муштариёни бонк қарор доранд.

Гуфта мешавад, аксари кормандони бонк, ки утоқи корияшон дар ошёнаи сеюм буд, тавонистанд тавассути боми бино ба берун бароянд. Силоҳбадаст 19 нафарро дар ошёнаи якум банд намудаст.

Анна Шония, яке аз кормандони бонк, ки тавонистааст аз бино берун равад, ба Sputnik Гурҷистон қазияро чунин шарҳ дод:

"Вақте ки ғоратгар ворид шуд, ман ба мизоҷ хидмат мекардам. Ӯ чанд маротиба тир холӣ кард ва дод зад, ки ин дуздӣ аст ва мо бояд рӯи фарш рост шавем. Дар ёд надорам, ки чӣ гуна ба берун баромадам. Зоҳиран, касе маро берун овард ... Меҳмононе буданд, ки интизори хидмат буданд, аммо, то ҷое ки ман медонам, шаҳрвандони калонсол озод карда шуданд. Кормандони филиал 58 нафарро ташкил медиҳанд", - гуфт ин намояндаи бонк.

Бар ивази раҳо кардани гаравгонҳо, силоҳбадаст 500 ҳазор долларро талаб мекунад. Ӯ автомату норинҷак мусаллаҳ аст.

448
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

17
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимна ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

17
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон