Пользователь за ноутбуком. Архивное фото

 Ташвиши Бюрои федеролии тафтишоти ИМА аз пешравиҳои Русия

145
(Таҷдидшуда 21:36 04.12.2019)
Бюрои федеролии тафтишотӣ (ФБР) Амрико ахиран эълон кард, ки ҳамаи замимаҳои мобилие, ки дар Русия коркард шудаанд метавонанд барои ИМА хатарафзо бошанд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба ақидаи Бюрои федеролии тафтишотӣ (ФБР) ҳамаи замимаҳои мобилие, ки дар Русия коркард шудаанд метавонанд “хатарҳои зиддииктишофии (контрразведивателний) ҷиддӣ” дошта бошанд. Сабаби ин баёнияи роҳбари демократҳо, Чак Шумер дар сенати Амрико шудааст. Ӯ чанде пеш ташвиши худро аз машҳуршавии замимаи-расмомодакунии FaceApp, ки аз ҷониби Wireless Lab русӣ сохта шудааст, иброз дошта буд.

Бюрои федеролии тафтишотии Амрико дар асоси маълумотҳои ҷамъовардаи замимаҳои мобилӣ бо розигии истифодабарандагон ва “механизми қонунии ба мақомоти ҳокимияти Русия барои дастрас намудани маълумоти лозима дар ҳудуди кишвар” ба ин хулоса омадааст.

Ягона факти тасдиқкунандае вуҷуд надорадто ки мувофиқи он бовар кард, ки маълумотҳои шахсӣ ба касе дода намешаванд, ҳол он ки коркарди расмҳо дар давоми 48 соат дар “облако” (абрҳо) сурат мегирад ва баъдан онҳо аз он ҷо нест мешаванд, ки инро амрикоиҳо ба назар намегиранд. Ба русҳо бовар кардан намерасид.

Ин дар ҳолест, ки рақамикунонӣ ва муҷовимати интернеткунонии Русияро бо Амрико муқоиса кардан нашояд.

Амрико новобаста аз пешравиҳояш дар соҳаи техника, мобиялият ва боз аз Русия ҳарос дорад.

Интернет аз шабакаҳои майдатари компютер сохта шудааст. Ин шабакаҳо хабарро мегиранд ва мефиристанд бо истифода бурдани интернет протоколи стандартӣ. Протокол бошад монанди забоне, ки компютер мефаҳмад.

Таърихи пайдоиш ва тараккии шабакаи Internet зиёда аз 35-солро дар бар мегирад.

То миёнаи солҳои хафтодум бисёре аз созмонҳои ҳукумати, лабораторияҳои тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф аллакай ба шабакаи компютерие, ки номи ARPAnet –ро гирифта буд, пайваст шуда буданд, аммо шабакаҳои маҳаллии созмонҳо дар платформаҳои гуногун кор мекарданд ва ба иҷрои вазифаҳои махсус равона карда шуда буданд. Ҳамин тавр шабака барои артиши ИМА тавассути ширкати DEC, шабака барои неруҳҳои ҳавои тавассути ширкати IBM, шабака барои флоти ҳарби тавассути ширкати Unisys насб карда мешуд.

Тамоми шабакаҳо кор мекарданд, аммо ба забонҳои мухталиф “гуфтугу” мекарданд. Барои он ки шабакаҳои маҳалли бо якдигар якҷоя амал кунанд, лозим шуд, ки қарордодҳои (протоколҳои) байнишабакави, яъне забонҳои таҳия ва ба кор гузошта мешавад, ки компютерҳо дар вақти табаддули иттилоот аз онҳо истифода мекарданд.

Соли 1974 Винт Серф (Vint Cerf) ва Боб Кан (Bob Kahn) мақолаеро бо номи “Қарордоди байнишабакавии интиқоли бастаҳои итттилоот (додаҳо)” (A Protokol fo Pocket Network Interworking) нашр карданд, ки дар он роҳҳо барои ҳалли ин масъала тафсил дода мешуданд.

Соли 1982 бо таҳия шудани қарордоди TCP/IР ин масъала ҳалли худро пайдо кард. ТСР – ин қарордоди идоракунии интиқол (Transmission Control Protocol) буда, IP-қарордоди Internet (Internet Protocol) мебошад. Бо пайдо шудани TCP/IР калимаи Internet, ки мухтасари калимаҳои Interconnected Networks (Шабакаҳои ба ҳам пайваскунанда) маъмул гардид.

Вазорати мудофиаи ИМА баъдтар TCP/IР-ро (ба унвони) қарордоди стандартӣ барои шабакаҳои компютерҳои ҳарбӣ эълон кард. Ин қародод дар системаҳои компютерии зиёд кор карданро шуруъ кард, аз он ҷумла дар компютерҳои фардӣ ва он ба стандарти навъе барои интиқоли байнишабакавии иттилоот мубаддал шуд.

Махз ба туфайлӣ қарордоди TCP/IР имрӯз ингуна инфраструктураи бузург ва мутараққие ҳамчун Internet сохта шудааст. Дар замони ҳозира TCP/IР бастае мебошад, ки зиёда аз садҳо қарордиҳандаҳои мухталиф иборат мебошад. Он шомили қарордодҳои сабти дастёбӣ, интиқоли файлҳо, индексатсия ва ҷустуҷӯи маълумот ва ғайраҳо мебошад.

145
Барчаспҳо:
хатар, интернет, ИМА, Русия
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

4
Гузориши Департаменти Давлатӣ дар бораи "таблиғи русӣ" бо ҳадафи пешниҳоди Маскав дар бораи барқарор кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида пешбинӣ шудааст, гуфт сафорати Русия дар Вашингтон

Қаблан Маркази ҷалби глобалии Департаменти Давлатӣ гузоришеро дар бораи "сутунҳои маълумоти бардурӯғи Русия" интишор кард, ки мафҳуми "таблиғи русиро" ба низом овард. Ин таъриф, аз ҷумла, аз ҷониби васоити ахбори оммаи Русия бо маблағгузории давлатӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар сарлавҳаҳои Sputnik, РИА Новости, RT, Первий канал, Россия 24 ва ғайра намунаҳои пароканда оварда шудаанд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ба расонаҳои Русия ва дигар кишварҳо ҳушдор додаанд, ки матлабҳои таблиҳотии онҳо алайҳи ИМА ҷиддан тафтиш мешаванд ва ҳамчунин манбаҳои паҳнкунандаи он дар шабакаҳои иҷтимоиро амрико бидуни дудилагӣ мебандад.

Дар сафорат изҳор доштанд, ки ба Департаменти давлатӣ "мавҷудияти манбаҳои алтернативии иттилоотӣ" писанд нест ва барои ошкору бартараф кардани онҳо захираҳои ҷиддӣ равона карда шудааст.

Дилхоҳ овозе, ки бар муқобили Вашингтон аст, он ҳамчун хизмат ба Кремл ва хадамоти Русия пиндошта мешавад, таъкид намуданд дипломатҳои амрико дар сафҳаи Фейсбук.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Сафорат намунаҳои изҳороти бемаънии ин гузоришро ифшо намудаст. Аз ҷумла "дар иртиботи расмии ҳукумат" Вазорати умури хориҷии ИМА раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ва радиои хусусии "Говорит Москва" сабти ном кардааст.
Зимнан, Департаменти Амрико барои ифшои маълумоти бардурӯғ дар соли 2021 ҳудуди 138 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия борҳо тамоми иттиҳомоти Амрико дар робита ба он, ки Русия маълумоти бардурӯғро мунташир мекунад, рад намуда буд.

Трамп Меркелро ҷазо медиҳад: Олмонро пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст -навор

Дар Амрико  агентии  давлатӣ оид ба пахши хориҷӣ аз қабили Садои Амрико ва радиои Озодӣ вуҷуд дорад, ки Вазорати адлияи Русия онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар расонаҳои хабарӣ ба рӯйхати агентҳои хориҷӣ шомил кард.

Ин созмон, ки аз соли 1994 Шӯрои Идораи Телерадиошунавонӣ (BBG) ном дошт, соли 2018 Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба Глобалии Медиа (USAGM) номгузорӣ шуд. Дар доираи он, барномаҳои телевизионӣ таҳия карда мешаванд, аммо тақрибан танҳо барои пахши интернет. Агентӣ пурра аз буҷаи ИМА маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2017 хароҷоти он 748 миллион долларро ташкил додааст.

4
Барчаспҳо:
таблиғ, Амрико, Русия, сафорат

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

55
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

55
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Грузовик с газом, архивное фото

Боз гаронтар: газ 4, 5 сомонӣ шуд. Оё нарх поён меравад?

0
(Таҷдидшуда 15:19 06.08.2020)
Қимати гази моеъ, аз умдатарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафтаНФС ба 4, 5 ва дар баъзе аз таъмингоҳҳои маводи сухт то ба 4, 7 сомонӣ баробар шудааст. Зимнан ин нархнома назар ба як моҳи қабл беш аз 55 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 4, 5 – 4, 7 сомонӣ боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ нархи он дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Сабаби боло рафтани қиммати газро масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт расман шарҳ намедиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) дар ноҳияи Варзоб гуфт, барои ӯ ҳам дақиқ маълум нест, ки чаро нархи газ рӯз ба рӯз боло меравад.

“Мо коргари оддӣ ҳастем. Шахсан ман танҳо дастгоҳи газдиҳандаро ба баки мошинҳо насб мекунам. Маблағи фурӯши газро нафари дигар дар хазина қабул мекунад. Ростӣ барои мо ҳам маълум нест сабаби болоравии нарх, инро роҳбарон медонанд”, иброз намуд, ҳамсуҳбти мо.

Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои нақлиёт аз баланд шудани нархи газ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, баланд шудани арзиши газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID -19 ба ҷайби зарба мезанад.

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

"Нархи газ ба кори мо таъсир мерасонад. Нархи газ гарон шуд гуфта, нархи хизматрасонии мусофиркашони (таксӣ) ро зиёд кунем, ҳеҷ кас намешинад. Дар ин миён мо бояд ҳар моҳ маблағи патентро супорем. Агар нарх ҳамингуна боло рафтан гирад, кори мо тамом мешавад”, - гуфт ронандаи таксӣ.

Коршиносон мегуянд, тағйири нархи газ дар Тоҷикистон дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад.

Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт.

Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам рӯз ба рӯз баланд шуд.

Ҳоло бар тибқи мушоҳидаҳо нархи газ дар қиёс ба як моҳи пеш беш аз 55 % баланд шуда то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шудааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Аммо то кунун ҳеҷ кадом аз ин ширкатҳо дар бораи сабабҳои болоравии нарх расман изҳори назар накардаанд. Ин вазъ то кай давом мекунад ва нархи газ кай поён меравад? Ин суолест, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар масъулинро манзур медорад.

0
Барчаспҳо:
НФС, шикоят, сокинон, гарон, нарх, гази моеъ, Тоҷикистон