Банкомат Сбербанка

Сбербанк хизматрасонӣ бо забони тоҷикиро пиёда намуд

438
(Таҷдидшуда 17:55 05.12.2019)
Хидматрасонӣ бо забони тоҷикӣ дар зиёда аз 80 дарсади банкоматҳои Сбербанк дастрас аст ва ҳамзамон шаҳрвандони Узбакистон низ метавонанд роҳат аз хизматрасонии ин бонк бо забони модарӣ истифода баранд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд аз хизматрасонии банкоматҳои Сбербанк бо забони тоҷикӣ роҳат истифода баранд.

Ин бонк хизматрасонии ҷадид бо забони ноби тоҷикиро пиёда намудаст, хабар медиҳад котиботи бонки мазкур.

Ба иттилои котиботи бонк, феълан хизматрасонӣ аз қабили гирифтани пули нақд, тафтиши суратҳисоб ва пардохт барои алоқаи мобилӣ бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ намудаст.

Интиқол манъ аст: чаро фиристодани маблағ аз Русия ба Тоҷикистон имкон надорад

Гузашта аз ин маълумотҳо дар мавриди истифодаи барномаи мобилии  Сбербанк Онлайн, маълумот дар мавриди кор бо кортҳо ва инчунин тарзи дуруст истифода бурдани барномаи "Ташаккур" ба забаони тоҷикӣ тарҷума шудааст.

"Шаҳрвандони хориҷӣ аз хизматрасониҳои бонкӣ фаъолона истифода мебаранд.  Маъмулан онҳо берун аз кишвар  аз хизматрасониҳое истифода мебаранд, ки барои онҳо қуллай, фаҳмо ва боэътимод аст. Аз ин рӯ бо дарназардошти эҳтиёҷоти онҳо тасмим гирифтем хизматрасонии бонкиро бо забони тоҷикӣ тарҷума намуда, ҳамкории муштариёнро бо бонк осонтар намудем", - гуфт мудири шӯъбаи "Ҳалҳои махсуси" Сбербанк Александр Алтухов.

Қайд гардид, ки феълан наздики 80 дарсади банкоматҳо аз хизматрасонӣ бо забони тоҷикӣ бархӯрдор буда, ҳамзамон хизматрасонӣ бо забони узбакӣ низ дастрас аст.

438
Барчаспҳо:
забони тоҷикӣ, хизматрасонӣ, Сбербанк