Табличка на столе представителей движения Талибан, архивное фото

Музокироти сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар оғоз ёфт

170
(Таҷдидшуда 15:12 08.12.2019)
Сухангӯи Толибон аз оғози дубораи музокироти ба истилоҳ сулҳи ин гуруҳ бо Амрико дар Қатар хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Суҳейл Шоҳин сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Дуҳа эълом кард раёсати тими музокиракунандаи ин гуруҳро муло Абдулғанӣ Бародар ба уҳда дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Вай афзуд, Унс Ҳақонӣ бародари саркардаи гуруҳи террористии Ҳақонӣ, ки ба тозагӣ дар табодул бо ду устоди донишгоҳи амрикоии Кобул аз зиндони Беграм озод шуда буд дар ин нишасти дурӯза, ки аз дирӯз шанбе оғоз шудааст ҳузур дорад.

Ин нахустин давр аз гуфтугӯҳои Амрико ва Толибон пас аз таваққуфи музокироти пешакӣ дар ҳудуди 3 моҳи гузаштааст.

Ин дар ҳоелст, ки то кунун 9 даври музокироти намояндагони гуруҳи Толибон ва Амрико дар Қатар натиҷае барои мардуми Афғонистон надошта ва ҷанг, даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ ҳамчунон дар ин кишвар идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки то Толибон оташбас накунанд, Иёлоти Муттаҳида созишномаи сулҳро имзо нахоҳад кард. Дар посух ба ӯ Толибон гуфтанд, ки аввал созишномаи сулҳ, пас оташбас.

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ин мавқеи Амрикоро чанд рӯзи қабл зимни як сафари эълоннашуда ба Афғонистон дар фурудгоҳи “Багром”, ки таҳти идораи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО қарор дорад, дар ҳузури ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай баён намуд.

Музокироти сулҳ миёни Амрикову Толибон моҳи сентябри соли равон дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Шашдараки Кобул, ки 12 кушта, аз ҷумла як низомии амрикоиро ба ҷой гузошт ва Толибон масъулияти онро ба дӯш гирифтанд, яктарафа аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ба таъхир афтод.

Раисҷумҳури Амрико он замон дастур дод, ки раванди музокирот ва имзои созишнома қатъ шавад. Пас аз сафари ғайримунтазираи Доналд Трамп ба Афғонистон музокироти Амрикову Толибон дар Доҳаи Қатар аз сар гирифта шуд. Дар ин миён чӣ гузашт? Як коршиноси аршади Афғонистон инро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

170
Барчаспҳо:
Амрико, сулҳ, музокирот, Толибон