Дар Узбакистон интихоботи парлумонии пеш аз муҳлат оғоз шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкЖенщина голосует на избирательном участке
Женщина голосует на избирательном участке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раъйдиҳии пешакӣ дар Узбакистон даҳ рӯз пеш аз интихоботи парлумонӣ, ки 22 декабр дар ин кишвар баргузор мешавад, шурӯъ шуд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Имрӯз дар Узбакистон интихоботи парлумонии пеш аз муҳлат оғоз шуд, иттилоъ додааст Sputnik Узбакистон.

Выборная корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гузориш: интихобот дар Узбакистон беҳтар аз Тоҷикистон баргузор мешаванд

Тибқи Кодекси интихоботии ҷумҳурӣ интихобот рӯзи 18 декабри соли равон ба анҷом хоҳад расид.

Дар ин интихоботи пешакӣ нафароне иштирок хоҳанд кард, ки ҳуқуқӣ раъйдиҳӣ доранд ва  дар рӯзи интихобот дар кишвар ё макони зист ҳузур надоранд. Шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун дар рӯзҳои интихоботи парлумони наметавоананд иштирок кунанд, метавонанд пешакӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада ариза супоранд, санади лозима бигиранд ва раъй диҳанд.   

Таъкид шудааст, ки ҳавзаҳои интихоботӣ дар Узбакистон барои раъйдиҳии пешакӣ аз соати 9:00 то 18:00 бо вақти маҳалӣ фаъолият хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Узбакистон 22 декабри соли равон баргузор мегардад. Тибқи Кодекси интихоботӣ кишвар раъйдиҳии пешакӣт даҳ рғз пеш аз интихоботт сурат гирифта, се рӯз пеш аз интихобот анҷом меёбад. Яъне дар соли равон ин сана ба рӯзҳои 12 - 18 декабр рост омадааст.

Лентаи хабарҳо
0