Бывший президент Пакистана Первез Мушарраф

Парвиз Мушарраф ба ҳукми қатл маҳкум шуд

852
(Таҷдидшуда 16:14 17.12.2019)
Бори нахуст дар таърихи Покистон ҳайати суди махсус иборат аз се додрас дар қиболи собиқ кишвардор ҳукми қатл тадбиқ намуданд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушаррафро додгоҳе дар Исломобод барои хиёнат ва саркашӣ аз Қонуни асосии кишвар ба ҳукми қатл маҳкум намуд, хабар медиҳад шабакаи Samaa.

Қайд карда мешавад, ки ин бори аввал дар таърихи Покистон рух додааст, вақте коллегияи суди махсус иборат аз се нафар собиқ роҳбари давлатро  ба қатл маҳкум карданд.

Зимнан барзе аз расонаҳо менависанд, ки се додрас ҳукми худро нисбат ба генерал Мушарраф ҳанӯз як моҳ пеш содир карда буданд, аммо Додгоҳи олии Исломобод онҳоро аз эълони он манъ карда буд.

Парлумони Қирғизистон расман Отамбоев ва ҷонибдоронашро гунаҳкор эълон кард

Ёдовар мешавем, қаблан тафтишот муайян намуд, ки  Мушарраф дар замони ҳукмронии ҷумҳурӣ хиёнат содир кардааст. Ин ҳодиса ҳанӯз  соли 2007, замоне рух дод, ки вай дар кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард ва фармон дод, ки аъзои Суди Олӣ ҳабс карда шаванд.

Пас аз он, ҳукумати кишвар алайҳи раҳбари собиқ парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Тибқи қонунҳои Покистон, ҳар касе, ки сарқонунро тавассути истифода ё намоиш додани қувва вайрон мекунад, дар хиёнат гунаҳгор дониста мешавад. Ҳамзамон, хиёнати шадид боиси ҷазои қатл ё ҳабси якумра мегардад.

Худи Мушарраф дар ҳоли ҳозир барои муолиҷа дар Дубай қарор дорад. Додгоҳ соли 2016 ба ӯ иҷозат дод, ки барои муолиҷа ба хориҷ сафар кунад. Парвиз Мушарраф нахустин ҳокими низомии Покистон аст, ки муҳокима ва маҳкум мешавад.

852
Барчаспҳо:
қатл, раисҷумҳур, Покистон

Лукашенко Лукашенкоро аз мансабаш барканор кард

1404
(Таҷдидшуда 18:55 26.02.2021)
Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки дар дастгоҳи президенти Беларус тағйироти кадрӣ анҷом диҳад ва писарашро аз вазифа сабукдӯш кунад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Писари калонии президенти Беларус, Виктор Лукашенко роҳбари Кумитаи миллии олимпии кишвар таъйин шуд, хабар медиҳад БелТА.

Бояд қайд кард, ки Виктор Александрович вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллиро ба ӯҳда дорад.

Тибқи изҳороти президенти Беларус, дар робита ба таъйиноти нав, писари калониаш аз вазифаи ёрдамчии президент барканор карда мешавад.

"Имрӯз вай бо тамоми оқибатҳои минбаъда аз вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллӣ озод карда мешавад", - гуфт президенти Беларус.

Писари калони Александр Лукашенко Виктор 28 ноябри соли 1975 таваллуд шудааст. Вай дар қисми махсуси нерӯҳои марзбонӣ хидмат кардааст.

Ӯ қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ, аз соли 2005 ба ҳайси ёвари президент оид ба амнияти миллӣ корро оғоз карда, пас аз ду сол ба Шӯрои амнияти Беларус таъйин шуд. Аз соли 2019, ӯ ноиби президенти КМО буд ва ҳамакнун раҳбари он гардид.

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

Бародари ӯ, Дмитрий Лукашенко, мансаби раиси шӯрои марказии иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҷамъиятии "Клуби варзишии президентӣ" -ро дорад ва узви КМО Беларус мебошад.

Писари хурдии Лукашенко Николай 31 августи соли 2004 бидуни никоҳ таваллуд шудааст.

Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

Вай дар литсейи Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил карда, пас аз нооромиҳо дар кишвар ба муассисаи таълимии Маскав интиқол дода шудааст.

1404
Барчаспҳо:
КМО, мансаб, Александр Лукашенко, Беларус
Президент Белоруссии Александр Лукашенко (справа) со своими сыновьями Виктором, Николаем и Дмитрием (слева направо)

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

910
(Таҷдидшуда 17:43 26.02.2021)
Президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавзӯи ҳассоси интиқоли қудрат дар кишвар ва ба яке аз писаронаш додани вазифаи сарвари давлат дахл кард

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Пас аз он ки писари Лукашенко вазифаи нав гирифт, дар саросари кишвар овозаҳо паҳн карданд, ки Александр Лукашенко қасд дорад қудратро дар кишвар ба ихтиёри яке аз наздиконаш гузорад.

Александр Лукашенко ин гуна тахминҳоро ба таври дағалона шарҳ дод.

"Ман бисёр вақт мегуфтам, ки ин ҳеҷ гоҳ дар оилаи мо баррасӣ нашудааст ва онро муҳокима кардан мумкин нест. Азбаски пас аз ман ҳеҷ яке аз фарзандони ман дар Беларус президент нахоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко пеш аз интихоби роҳбарияти Кумитаи милии олимпӣ, хабар медиҳад БЕЛТА.

Ёдовар мешавем, ки писари калонии президент Виктор Лукашенко ба ҳайси ёвари сарвари давлат ва аз 26 феврал раҳбари Кумитаи миллии олимпии Беларус аст.

Бисёриҳо бар онанд, ки номзади беҳтарин барои мақоми президенти оянда писари хурдии Лукашенко аст.

Николай дар байни занони Беларус маҳбуб аст.
Ғайр аз ин, Александр Лукашенко дар синни 12-солагӣ сар карда карда писарро бо худ ба ҳама чорабиниҳои муҳим мебарад.

Лукашенко: каме дар курсии раисҷумҳури Беларус зиёдтар нишастам

Хотиррасон мекунем, ки президенти Беларус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" эътироф кард, ки шояд ӯ ҳамчун сарвари давлат "каме бештар нишаста" бошад.

Аммо, Лукашенко илова кард, ки ӯ наметавонад ҳоло курсии президентиро тарк кунад.

910
Барчаспҳо:
президент, Александр Лукашенко, Беларус
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар

Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 15:12 27.02.2021)
Интизор меравад, дар рафти ин сафар чанд мушкилоте ки дар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон мавҷуд аст, баррасӣ ва ҳал шаванд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистонро бо роҳбарии раиси он Мирраҳмон Раҳмонӣ тавзеҳ дод.

Бино бар иттилои ҷаноби Ағбар, интизор меравад ҳамин рӯз ҳайъати 34-нафараи парлумони кишвар вориди Тоҷикистон шаванд.

"Ин ҳайъат аз раиси парлумон ва аъзои комисияҳои мухталифи парлумон иборат аст", - таъкид кард сафир.

Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин сафар мулоқотҳои гуногунҷанбаи мақомоти Тоҷикистон бо ин ҳайъат дар назар аст.

"Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо боиси густариши равобити иқтисодӣ мешавад", -гуфт вай ва таъкид кард, ки дар натиҷа чанд мушкилоте ки садди роҳи ин ҳамкориҳо гаштаанд, ҳал хоҳанд шуд.

Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар тавзеҳ дод, ки мушкилоти мазкур дар қонунгузорӣ мавҷуд аст.

"Умедворам, ки дар қавонун як қатор мушкилоте ки мавҷуд аст, ҳал мекунем, то сармоягузориҳои хубе дар Тоҷикистон суръат бигирад", - таъкид кард сафир.

Ба гуфтаи Ағбар, феълан Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи иқтисодиву тиҷорӣ бештар аз 7 тавофуқномаву қарордод имзо кардааст.

Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул

Вай афзуд, ки феълан сарҳади ҳарду кишвар ҳам барои интиқоли коло ва ба рӯйи тоҷирон боз аст.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Афғонистон, сафир