Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8%

“2019 - соли кӯдаккуштарин дар Афғонистон”: гузориши ЮНИСЕФ

86
(Таҷдидшуда 19:58 18.12.2019)
ЮНИСЕФ бо интиқоди тунд аз тарафҳои даргир дар ҷанги Афғонистон мегӯяд, ҳар рӯз дар ин кишвар 9 кӯдак кушта ва ё маълул мешаванд ва дар сол равони мелодӣ талафоти кӯдакон дар ҷанги ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта 11 дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Ҳонрита Форе, мудири иҷроии Созмони ҳифзи кӯдаки Созмони милали муттаҳид (Юнисеф) зимни муаррифии гузориши ҷадиде гуфт, ҳатто бо риояти стандартҳои сареҳи Афғонистон соли 2019 ба вежа барои кӯдакон кушанда будааст.

"Бачаҳо, хонаводаҳо ва ҷомиаи онҳо ҳар рӯз ба паёмадҳои ваҳшатноки даргириҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Фарзандон ноумед шудаанд, ки бузург шаванд, ба мадраса бираванд, касб ёд бигиранд ва ояндае барои худ бисозанд. Мо метавонем ва бояд хеле бештар барои тақвияти шуҷоат ва муқовамати фавқулъодаи онҳо корҳое анҷом диҳем", - мегӯяд хонум Форе.

Бино ба гузориши ЮНИСЕФ, байни солҳои 2009 ва 2018 наздик ба 6 ҳазору 500 кӯдак кушта ва тақрибан 15 ҳазори дигар захмӣ шудаанд, ки ин амр Афғонистонро ба кушандатарин минтақаи ҷангии ҷаҳон дар соли 2018 табдил кард.

“Дар соли ҷорӣ 631 кӯдак дар Афғонистон кушта ва як ҳазору 730 кӯдаки дигар захм бардоштаанд. Дар соли равони мелодӣ талафоти кӯдакон дар ҷанги ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта 11 дарсад афзоиш ёфтааст”, - омадааст дар гузориш.

Ҳақиқатҳои изофии ин гузориш дар бораи вазъи кӯдакон дар Афғонистон шомил мавориди зер аст: 3.8 миллион кӯдак ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд; 1 аз 3 духтар қабл аз 18 - солагӣ издивоҷ мекунад; 3.7 миллион кӯдаки мактабӣ хориҷ аз мактаб ҳастанд; 600 000 кӯдаки зери панҷ сол ба шиддат суитағзия (камғизо) мешаванд; 30 дарсад аз кӯдакон машғули меҳнати кӯдакона ҳастанд.

Бино ба ин гузориш, ЮНИСЕФ барои пуштибонӣ аз амалиёти худ дар Афғонистон дар соли 2020 ба 323 миллион доллар ниёз дорад, ки аз ин мизон 75 дарсади он дар ихтиёраш нест.

86
Барчаспҳо:
афзоиш, талафот, кишвар, маълулон, кӯдак, ЮНИСЕФ, Афғонистон