Американские военнослужащие в Афганистане, архивное фото

Амрико мегӯяд низомиёнашро аз қаламрави Афғонистон берун намекунад

147
(Таҷдидшуда 12:15 19.12.2019)
Вазири мудофиаи Амрико Марк Эсер мегӯяд, низомиёни мустақар дар Афғонистонро аз қаламрави ин кишвар берун намекунанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Эсер афзудаст, ки Амрико ҳоло барои берун овардани низомиёнаш омода нест ва дақиқан гуфта наметавонад, ки кай ин иттифоқ сурат мегирад.

"Амрико  ҳанӯз омода нест ягон изҳорот дар бораи хуруҷи ҳарбиёни худ аз Афғонистонро эълом кунад", - мегӯяд вазири мудофиа.

Ин иддаои вазири мудофиаи Амрико дар ҳолест, ки чанде қабл шабакаи NBC News иттилоъ дода буд, ки Амрико дар саддади берун овардани 4 ҳазор низомии мустақар дар Афғонистон қарор дорад.

Ватанзода: набояд гурӯҳҳои террористӣ ба номи ислом кишвари Афғонистонро ноамн кунанд

Зикр гардида буд, ки раванди берун овардани низомиён тадриҷан сурат гирифта, давоми якчанд моҳ тӯл мекашад.

Гузашта аз ин манбаъ қайд намуд, ки пас аз хуруҷи ин миқдор низомиёни Амрико дар қаламрави  Афғонистон 8 ё 9 ҳазор ҳарбиёни амрикоӣ боқӣ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони ҳукумати Амрико ва ҷангиёни ҳаракати Толибон муддати 8 моҳ мешавад, ки музокирот анҷом медиҳанд, вале ҳамоно ба мувофиқа омада наметавонанд.

Мақомоти Амрико барои хуруҷи низомиёнаш аз Афғонистон тасмим гирифт

Қаблан, Амрико ба чанд шарти Толибон розӣ шуд, ки яке аз онҳо коҳиш додани ҳузури низомиёни худ дар Афғонистон буд.

Вале пас аз як ҳамалоти маргталабонаи Толибон ҳукумати Амрико мавқеи худро комилан иваз кард. Раисҷумҳури ин кишвар Донал Трамп пас аз ин ҳодиса амр дода буд, ки ба музокирот хотима дода шавад ва ҳамзамон созишномаи сулҳ низ имзо нагардад.

147
Барчаспҳо:
Афғонистон, низомиён, Амрико