Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Хайри Макгрегор: 25 ҳазор доллар ба бенавоён дод

346
(Таҷдидшуда 20:06 26.12.2019)
Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Конор Макгрегор тасмим гирифтааст, ки ба бенавоён кумак кунад. Макгрегор ба камбизоатон 25 ҳазор доллар хайр намудаст

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC Конор Макгрегор ва дӯстдухтари ӯ Ди Девлин ба ширкати хайриявии Inner City Helping Homeless, ки ба шахсони бехонаву дар кумак мекунад, 25 ҳазор доллар хайр намудааст.

Дар ин бора Конор Макгрегор дар саҳифаи Twitter-аш хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки размикори ирландӣ Конор Макгрегор дар муҳориҷаи ахири худ бо Ҳабиб Нурмуҳамедов варзишгари русиягӣ шикаст хӯрда буд.

Ҳарчанд Макгрегор вақтҳои охир барои муҳорибаи такрорӣ бо Ҳабиб пофишорӣ мекунад, вале дархостӯ ҳамлаҳои лафзии ӯ бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Ҳабиб мегӯяд зарурати баргузор кардани муҳорибаи такрорӣ бо Конорро намебинад.

Шарҳи раҳбарияти UFC дар бораи таҳқири Макгрегор аз Нурмуҳаммадов

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2020 Макгрегор бар муқобили Доналд Серронеи амрикоӣ ба майдони набард хоҳад баромад.

Хабар дода мешавад, ки набарди Конор ва Серроне дар доираи рақобати UFC 246 санаи 18-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико доир мешавад.

Зимнан, хабар дода шуд, ки чиптаҳои ин набардро пас аз се дақиқаи ба фурӯш баровардан, пурра харидорӣ шуданд.

346
Барчаспҳо:
бенавоӣ, кумак, размикор