Мухаммед Джавад Зариф, архивное фото

Муҳаммадҷаводи Зариф вориди Маскав шуд

181
(Таҷдидшуда 09:18 30.12.2019)
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар чорчӯби ройзаниҳои мустамар миёни Эрон бо Русия, шаби якшанбе ба шаҳри Маскав, ворид шуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбн дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин, ки тайфи мухталифе аз мавзӯот дар сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба Русия мавриди ройзанӣ қарор мегирад., афзуд, масоили марбут ба раводиди дуҷониба ва охирин таҳаввулоти байналмилалӣ дар ин сафар мавриди гуфтугӯ қарор мегирад, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".

Бархе ноҳамоҳангиҳои протоколӣ: расонаҳои Эрон дар бораи далели истеъфои Зариф

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа дар бораи сафари эҳтимолии вазири умури хориҷа ба Ню-Йорк барои ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти Сзомони Милали Муттаҳид ҳам гуфт, аз вазири умури хориҷа барои ширкат дар нишасти фавқулоддае, ки ба муносибати 75-умин салгарди таъсиси Созмони Милал аст, даъват шудааст.

Зариф: Эрон дар барқарории равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом аст

Мӯсавӣ бо баёни ин, ки нишасти Шӯрои Амният ба манзури баҳсу баррасӣ дар бораи маншури Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, тасреҳ кард: Вазири умури хориҷа қасди ширкат дар нишастро дорад, албатта, агар барои эшон шароити лозим фароҳам шавад ва раводид барояшон содир шавад.

181
Барчаспҳо:
ворид, Маскав, Русия, Муҳаммадҷавод Зариф, Эрон