X Международный экономический саммит Россия — Исламский мир: KazanSummit. День первый

Дар Тотористон ба маконҳои гардишгарӣ гувоҳиномаи “ҳалол” медиҳанд

138
(Таҷдидшуда 12:59 31.12.2019)
Раиси Ожонси тавсеаи сармоягузории Ҷумҳурии Тотористони Русия эълон намудааст, ки ба маконҳои гардишгарӣ гувоҳинома (сертификат)-и ҳалол хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раиси Ожонси тавсеаи сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон зимни таъкид бар аҳаммияти мусалмонписанд шудани иқоматгоҳҳои гардишгарӣ дар ин кишвар, эълом кард, ки дар тарҳе озмоишӣ, чанд истироҳатгоҳи мӯътабар гувоҳиномаи ҳалол дарёфт мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Талия Минолина, раиси Ожонси тавсеаи сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон аз ироаи гувоҳиномаи ҳалол барои иқоматгоҳҳои дармонӣ бо стандартҳои исломӣ дар ин кишвар хабар дод ва эълом кард, ки 5 истироҳатгоҳи саломат мутааллиқ ба ширкатҳои мӯътабари Тотористон мутақозии судури гувоҳинома ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба манзури тақвияти санъати гардишгарӣ ба таври озмоишӣ гувоҳинома бо стандартҳои ҳалол ва исломӣ ба бархе иқоматгоҳҳои мӯътабари ин кишвар ихтисос дода мешавад.

Минолина дар ин робита гуфт, Тотористон яке аз маҳбубтарин мақсадҳои гардишгарӣ аст, ки мардум бо стандартҳои ҳалол дар он сафар мекунанд ва имрӯз мо бояд шароитеро барои гардишгарон аз кишварҳои арабӣ эҷод кунем, ки ин амр ба ҷалби сармоягузории қаламрави мо кӯмак хоҳад кард.

138
Барчаспҳо:
сертификат, гардишгарӣ, ҳалол, Русия, Тотористон
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

10
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

10
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

249
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

249
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор