Forbes дурнамояи таҳримҳо бар "Маҷрои шимолӣ -2" -ро арзёбӣ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВ цехе "ЭТЕРНО" ПАО "Челябинский трубопрокатный завод"
В цехе ЭТЕРНО ПАО Челябинский трубопрокатный завод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи навиштаи маҷаллаи “Forbes”, таҳримҳо барои қатъи сохтмони тарҳи Русия бо номи "Маҷрои шимолӣ -2" монеа эъҷод нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Маҷала таъкид намудааст, ки Амрико барои ҷори намудани маҳдудиятҳо ба сохтмони ин тарҳ як сол дер кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Сафари Путин ба Маҷористон: “Маҷрои туркӣ” пуштибонҳои нав пайдо кард

"Маҷрои шимолӣ -2" ҳамеша дарди сар барои Украина будаст”.    

Дар ҳамин ҳол, “Forbes”  қайд кардааст, ки Украина ба бозори энергетикӣ ҳамчун кишвари транзитии газ бармегардад ва дар ин сурат Амрико яке аз далелҳо барои ворид накардани гази Русия ба кишварҳои аврупоиро аз даст медиҳад ва ҳамин тавр барои Амрико фурӯши гази моеъаш дар  кишварҳои аврупоӣ душвортар мегардад.

Бундестаг аз барои “Северний поток 2” ба ИМА таслим шуд

“Ин таҳримҳо бисёр заиф ва дермонда мебошанд. Ин таҳримҳо ҳатто ба кишварҳои мухолифи Русия низ писанд намеоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ -2" - дуюмин лулаест, ки гази Русияро на аз тариқи Украинаву Лаҳистон, балки мустақиман аз Баҳри Балтик ба Олмон ва Аврпуои Ғарбӣ интиқол медиҳад.

Строительство газопровода Северный поток-2 в Германии - Sputnik Тоҷикистон
Новак: таҳримот ба сохтмони "Северний поток — 2" халал намерасонад

Амрико, ки мехоҳад содироти гази моеъи худро ба кишварҳои аврупоӣ афзоиш диҳад тарҳи "Маҷрои шимолӣ -2"-ро зери танқиди шадид қарор додааст. Инчунин вазорати молияи Амрико дар охири моҳи декабри соли равон эълон кард, ки бар зидди тарҳи "Маҷрои шимолӣ -2"  ва “Маҷрои туркӣ” таҳримҳои амал хоҳанд кард ва Вошингтон аз ширкатҳои дахлдоре, ки ба хобондани луӯлаҳои газ машғул ҳастанд талаб кард, корҳояшонро дар ин самт қатъ намоянд.

Олмон, Австрия ва Норвегия ҷонибдори ин лоиҳа мебошад. Мақомотҳои ин кишварҳо борҳо таъкид карда буданд, ки "Маҷрои шимолӣ -2"  истиқлолияти энергетикии Аврупоро мустаҳкам хоҳад кард. Инчунин, мақомоти иттиҳодияи Аврупо барои ворид намудани таҳримҳо нисбати ин тарҳ вокуниш нишон дод.

Қаблан нахуствазири Русия Дмитрий Медведев изҳори боварӣ кард, ки "Маҷрои шимолӣ -2"  новобаста аз таҳримҳо сохта мешавад. Ба гуфтаи Вазири энержии Русия Александр Новак лоиҳаи мазкур то охири соли 2020 роҳандозӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0