Президент Дональд Трамп

Саҳнаи нақшофарии Доналд Трампро дар филми "Танҳо дар хона - 2 " қайчӣ заданд

309
(Таҷдидшуда 20:08 05.01.2020)
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп замони рӯйи экран баромадани филм соҳиби меҳмонхонаи "Плаза" ба шумор мерафт

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Шабакаи телевизионии CBC-и Канада саҳнаи ҳунарнамоии президенти имрӯзии Амрико Доналд Трампро аз филми "Танҳо дар хона - 2 ("Один дома 2: Затерянный в Нью-Йорке" қайчӣ кард. Дар изҳороти расмии намояндагони ширкат гуфта шудааст, ки ин амал ба омилҳои сиёсӣ рабте надорад.

"Ин гуна корҳо дар ҳолати филмҳои дароз бисёр дучор меояд, ки филм барои намоиш дар шабака мутобиқ гардонида мешавад. “Один дома 2” низ барои замонбандӣ таҳрир гардид. Саҳнаи Доналд Трамп яке аз саҳнаҳое гашт, ки аз филм бурида шуд… Ин таҳрирҳо соли 2014-ум сурат гирифта буд. Он замон мо тоза ҳаққи намоиши филмро дарёфт карда будем ва ин пеш аз президент интихоб шудани ҷаноби Трамп буд", – гуфта шудааст дар изҳорот.

Худи Трамп дар вокуниш ба ин хабар дар саҳифаи твиттераш ба шитобкорӣ роҳ надод.

"Филм дигар мисли пештара нахоҳад буд! (шӯхӣ мекунам)", — навиштааст ӯ.

Пас аз ин президент фарзияеро пешниҳод намуд, ки таҳрири филм ба қарори ӯ дар бораи супоридани ҳаққи узвият ба Ташкилоти Атлантикаи Шимолӣ вобастагӣ дорад, ки писанди сарвазири Канада Ҷастин Трюдо наомадааст.

Дар саҳнаи буридашуда қаҳрамони марказии филм Кевин Макаллистер (Маколей Калкин) дар меҳмонхона қарор дорад ва аз Трамп, ки дар ҳоли гузар аст, пурсон мешавад, ки чӣ гуна метавонад вориди роҳрави асосии меҳмонхона шавад. Доналд Трамп замони рӯйи экран баромадани филм соҳиби меҳмонхонаи "Плаза" ба шумор мерафт.

309
Барчаспҳо:
филм, Доналд Трамп