Запуск Иранской ракеты, архивное фото

Эрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқ ҳадаф қарор дод

466
(Таҷдидшуда 19:27 08.01.2020)
Мақомоти Эрон ҳамла ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқро бар душ гирифт. Мақомоти Эрон таъкид кард ин аввали ҷавоб ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои амрикоӣ дар қатли генерал Қосими Сулаймонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки  сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар Ироқ, ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои амрикоӣ дар террори генерал  Қосими Сулаймонӣ , посухи қотеъ дод.

Пойгоҳи низомие, ки ба он Эрон мушак андохтааст, “Айн Ал-Асад” буда, дар ғарби Ироқ воқеъ мебошад.

Хабаргузории “Press TV” хабар медиҳад, Теҳрон масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамагӣ сӣ мушаки баллистикӣ партофта шудааст.

“Ин амали ҷавобӣ ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мебошад”, — гуфт намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.

Сомонаи “Press TV”, навори ҳамлаи мушакиро низ нашр кард.

Дар ҳоли ҳозир, дар бораи хисорот ва осебдидагон иттилоъ нест.

Бояд қайд кард, ки шаби 3 январ нирӯҳои Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод генерали эронӣ Қосим Сулаймониро ба қатл расонданд. Теҳрон ваъда дода буд, ки ба ин амалӣ террористӣ посух хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ба иншоотҳои Амрико ҳамла кунад, нирӯҳои амрико 52 иншооти низомӣ ва фарҳангии Эронро ҳадаф мегирад.

466
Барчаспҳо:
террор, Қосим Сулаймонӣ, мушакҳо, ҳамла, Ироқ, Амрико, Эрон