Президент США Дональд Трамп

Трамп Сулаймониро "террористи бераҳм" гуфт ва сабаби қатлашро шарҳ дод

798
Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико омили кушта шудани генерал Қосим Сулаймониро ба ҳамалоти ахири ӯ ба сафорати Амрико дар Бағдод рабт дод

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.  Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп Сардор Қосим Сулаймониро "террористи бераҳм" номид ва афзудааст, ки марҳум барои амалкарди ахири худ ҷавоб дод.

Ба гуфтаи Трамп, Қосим Сулаймонӣ гӯё пас аз ҳамлаи ахир ба сафорати Амрико дар Бағдод, боз ба машқи низомиён барои ҳамлаи навбатӣ ба сафоратхона омодагӣ медид.

"Дасти Сулаймонӣ олудаи хуни амрикоиҳо ва эрониҳо буд. Ӯро бояд барвақт маҳв мекардем", - мегӯяд Трамп. 

Ёдовар мешавем, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.

Қатли генерал Қосим Сулаймонӣ: посухи Ҷавод Зариф ва ҷаласаи фаврӣ дар Теҳрон

Нерӯҳои мардумии Ироқ - “PMF” изҳор доштаанд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, 5 узви ин созмон ва “ду меҳмон” кушта шуданд. Яке аз кушташудаҳо Қосим Сулаймонӣ буд.

Пентагон хабар додааст, ки бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми ИМА хондаанд.

798
Барчаспҳо:
сарлашкар Қосим Сулаймонӣ, Доналд Трамп