Президент Абхазии Рауль Хаджимба, архивное фото.

Раисҷумҳури Абхазистон ба истеъфо намеравад: ӯ роҳи ҳалли қазияро гуфт

151
(Таҷдидшуда 15:11 10.01.2020)
Раисҷумҳури Абхазистон Раул Хачимбо мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба истеъфо намеравад ва ба мухолифини ҳукумат ва эътирозгарон пешниҳод намуд то сари мизи музокира шинанд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раул Хачимбо раисҷумҳури Абхазистон роҳи ҳалли бесарусомонӣ дар кишварро на ба истеъфо худ, балки сари мизи музокира нишастан бо мухолифону эътирозгарон мебинад.

Бар хабари муовини аввали роҳбари дастгоҳи президент, Раул Хачимбо пешниҳод намудаст, ки дар назди бинои маъмурияти роҳбари давлат бо шаҳрвандони норизо гуфтушунид доир мекунад.

Зимнан, Вазири дифои Абхазистон Мираб Кишмария низ аз мухолифини ҳукумат даъват намудаст, ки ба мардум фишор оварданро бас кунанд.

Дар Абхазия эътирозгарон бинои дастгоҳи президентро забт карданд - навор

Шаҳрвандони ин кишвар чун аз натоиҷи интихоботи президентӣ норизо ҳастанд, дирӯз дастаҷамъона ба тазоҳурот даст заданд.

Онҳо ҳатто дару тирезаи бинои маъмурияти раисҷумҳурро шикаста дохили он шуданд.

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта доир гардид, президенти амалкунанда Раул Хачимбо дигарбора пирӯз шуд, вале мардум мегӯяд, ки зимни баршумории раъй тақаллубкорӣ сурат гирифтаст.

151
Барчаспҳо:
истеъфо, Раисҷумҳур, Абхазистон