Змея, архивное фото

Азоби мори баднафс пас аз фурӯ бурдани шишаи пластикӣ - навор

1659
(Таҷдидшуда 13:02 12.01.2020)
Навори мазкурро як масъули хоҷагии ҷангал сабт ва паҳн намуда, аз кулли башарият даъват намудаст, ки дар мавриди таъсири бади шишаи пластикӣ ба табиат андаке фикр кунанд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар Ҳиндустон мори баднафс шишаи пластикиро фурӯ бурда, сахт азоб кашидаст, хабар медиҳад NDTV.

Навори мазкурро як коргари маҳаллии ҷангал Парвин Касван сабт ва дар Твиттер ҷой додааст. Дар навор азоби море, ки шишаи пластикиро фурӯ бурдаст ва сипас кӯшиши онро аз вуҷуди худ берун кардан мекунад, нишон дода шудааст.

Парвин Касван дар зери навори гузошта худ навиштааст, ки "бубинед, ки чӣ гуна шишаҳои пластикӣ ба олами ҳайвонот зарар мерасонанд".

Сокинон хонаи мори азимҷуссаро дар Ҳисор пайдо карданд - Видео

Навори мазкурро танҳо давоми ду рӯз беш аз 50 ҳазор нафар тамошо карданд ва назари худро зери он коштанд.

Аксари корбарон зери ин навор навиштаад, ки инсон бояд нисбати табиат ва экология хунсард набошад.

1659