Логотип ОБСЕ, архивное фото

Узбакистон раиси Кумитаи иқтисодӣ ва экалогии САҲА интихоб шуд

36
(Таҷдидшуда 14:12 13.01.2020)
Узбакистон раиси Кумитаи иқтисодӣ ва экалогии Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар соли 2020 интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Шерзод Асадов намояндаи доими Узбакистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба унвони раиси Кумитаи иқтисодӣ ва экалогии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интихоб шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба сомонаи “Форс”.

Аз соли 2017 то 2019 и милодӣ раёсати ин кумитаро Қазоқистон ба уҳда гирифтааст.

Кумитаи иқтисодӣ ва экалогии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ҳавзаи ҳамкориҳо ва амният дар заминаҳои иқтисодӣ ва экалогӣ дар фазои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ҷумла чолишҳои мубориза бо фасод, амният энержӣ ва ғазоӣ, ҳамл ва нақл ва лаҷастик, муҳоҷират, тавсиаи фановариҳои иттиллорасонӣ ва мухобиротӣ фаолият мекунад.

Нил Буш, намояндаи доими Англия дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба унвони раиси Кумитаи масоили амният таъйин шудааст.

Ивв Шрамик, намояндаи доими Ҷумҳурии Чек дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ ба унвони раиси Кумитаи ҳуқуқи башар интихоб шудааст.

36
Барчаспҳо:
интихобот, кумита, Узбакистон, иқтисод, САҲА