Строительство газопровода Северный поток-2 в Германии

Дар Австрия таҳримот алайҳи “Маҷрои шимолӣ-2” интиқод карда шуд

101
(Таҷдидшуда 17:51 13.01.2020)
Мацомоти Австрия, нисбат таҳримбандиҳои нави Амрико алайҳи “Маҷрои шимолӣ-2”-и Русия норозигии нишондодаанд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Австрия Александр Шалленберг таҳримҳои ИМА алайҳи “Маҷрои шимолӣ-2”-ро танқид кард.  

"Мо таъсири фароминтақавии таҳримотро рад мекунем. Ин қобили қабул нест", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Die Presse.

Вазир қайд кард, ки лӯла ба диверсификатсияи таъминоти барқ ​​дар Аврупо мусоидат мекунад ва ба манфиатҳои Украина халал намерасонад.

Вашингтон пинҳон намедорад, ки танқиди ин лоиҳа бар мулоҳизаҳои иқтисодӣ асос ёфтааст, хотиррасон намуд Чаленберг. Дар посух ба суол дар бораи нақшаҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба интиқоли гази худ ба ИА, вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки "Аврупо манфиатҳои дигар дорад".

Ҳамзамон вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ИА арзишҳои якхела доранд. "Аммо мо наметавонем истифодаи усулҳои 30 сол пешро идома диҳем. Ҷаҳон тағйир ёфтааст".

Таҳримоти ИМА алайҳи “Маҷрои шимолӣ-2”

Рӯзи 20 декабр президенти ИМА Доналд Трамп буҷети мудофиавӣ барои соли 2020-ро имзо кард, ки дар он, аз ҷумла, чораҳои маҳдудкунанда ба лӯлаҳои “Маҷрои шимолӣ-2” ва “Маҷрои туркӣ” пешбинӣ шудааст.

Аз ширкатҳое, ки дар сохтмони онҳо ширкат доранд, Иёлоти Муттаҳида талаб кардааст, ки кор фавран қатъ карда шавад. Allseas-и Швейтсария иштироки худро дар ин лоиҳа фавран қатъ кард.

Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, корҳо оид ба сохтмон ва ба кор андохтани лӯлаи газ бояд то охири соли 2020 ё семоҳаи аввали соли оянда ба итмом расанд. Вай таъкид кард, ки Маскав метавонад бидуни ҷалби шарикони хориҷӣ лӯлаи газро мустақилона ба итмом расонад, ягона саволи ҷавобталаб ин вақт аст.

“Маҷрои шимолӣ-2”

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад. 

101
Диего Марадона

Диего Марадона номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт

180
(Таҷдидшуда 22:48 25.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61 - сола аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ассосиатсияи футболи Аргина дар Twitter хабари даргузашти ситораи ҷаҳонии футболро тасдиқ намуд.

Бар хабари TN, санаи 30 - юми октябр Марадонаро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон оварда буданд, зеро ӯ қаблан ҷарроҳии мағзи сар шуда буд.

Манбаъ меафзояд, Марадона рӯзи 12 уми декабр пас аз ҷарроҳии мағзи сар, аз дармонгоҳ мураххас шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Дар дақиқаи чорум: Роналдо аллакай ҳисоби бозии Португалия ва Марокашро боз кард

Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам  эълон намуд.

Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30 - юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

180
Барчаспҳо:
даргузашт, Диего Марадона
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

200
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

200
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
День 26 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:50 25.11.2020)
Рӯзи бисту шашуми ноябр, Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунати занон ва Рӯзи сулҳи низомии Русия таҷлил мешавад

Рӯзи 26 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

Портрет Альфреда Нобеля, выполненный шведским фотографом Гестом Флорманом
Портрет Альфреда Нобеля, выполненный шведским фотографом Гестом Флорманом

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Флаг Украины на здании Правительства Украины в Киеве, архивное фото
© Sputnik / Стрингер
Флаг Украины на здании Правительства Украины в Киеве, архивное фото

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 2014 раисҷумҳури Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

День 25 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсароии шаҳрии Ҳукумати  Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ карданд.

Соли 2010 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Рабочий визит В.Путина в Белоруссию. Архивное фото
© Sputnik / Алексей Никольский
Рабочий визит В.Путина в Белоруссию. Архивное фото

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия""-ро муҳокима намуд.

Соли 2014 қонунҳои Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.
  • Рӯзи сулҳи низомии Русия

Рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1887-1943) – генетик, ботаник ва географи машҳури рус Николай Вавилов.

Солҳои (1934-1984) – оҳангсоз Дости Орзуев.

Солҳо (1938-2007) – ходими хизматнишондода Асрор Рашидов.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон