Боздошти чанд гумонбар дар суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон

340
(Таҷдидшуда 16:39 14.01.2020)
Феълан маълум нест, ки чанд нафарро дар робита ба суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон боздошт карданд, вале гуфта мешавад, ки ҳамаи дастгиршудаҳо дар рух додани ин ҳодисаи даҳшатбор даст доштанд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар Эрон чанд нафар боздошт шуданд, ки дар суқути ҳавопаймои Boeing-737 дар Теҳрон гумонбар дониста мешаванд, хабар медиҳад сомонаи Reuters бо истинод ба намояндагони Вазорати адлияи Эрон.

Зимнан, маълум нест, ки дақиқан чанд нафар гумонбаршудаҳо мавриди боздошт қарор гирифтаанд.

"Хатои инсонӣ": Эрон иқрор шуд, ки ҳавопаймои Украинаро тасодуфан задааст

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои  Boeing-737- и украинӣ  субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир  ва Олмон буданд.

Зимнан, раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ аз кишвардори Украина Владимир Зеленский расман аз мардуми ин кишвар барои суқути ҳавопаймои Boeing-737  пӯзиш пурсид ва ба наздикони қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор  изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сӯҳбат ба Владимир Зеленский ваъда додааст, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Гузашта аз ин, Рӯҳонӣ қавл додаст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводис ба Украина ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчунин ҷуброни ин зарари калонҳаҷм ба Украинаро низ ҷониби Эрон ба зимма гирифтаст.

340
Барчаспҳо:
дастгир, гумонбарон, ҳавопаймо, суқут, Эрон
Диего Марадона

Диего Марадона номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт

160
(Таҷдидшуда 22:48 25.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61 - сола аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ассосиатсияи футболи Аргина дар Twitter хабари даргузашти ситораи ҷаҳонии футболро тасдиқ намуд.

Бар хабари TN, санаи 30 - юми октябр Марадонаро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон оварда буданд, зеро ӯ қаблан ҷарроҳии мағзи сар шуда буд.

Манбаъ меафзояд, Марадона рӯзи 12 уми декабр пас аз ҷарроҳии мағзи сар, аз дармонгоҳ мураххас шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Дар дақиқаи чорум: Роналдо аллакай ҳисоби бозии Португалия ва Марокашро боз кард

Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам  эълон намуд.

Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30 - юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

160
Барчаспҳо:
даргузашт, Диего Марадона
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

200
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

200
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон