Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года

Washington Post: аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон беш аз 157 ҳазор нафар кушта шуд

258
(Таҷдидшуда 00:18 15.01.2020)
Рӯзномаи Washington Post фош кард, аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон беш аз 157 ҳазор нафар кушта шудаанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бар асоси асноди маҳрамонаи мунташиршудаи рӯзномаи амрикоии Washington Post, аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 беш аз 64 ҳазор низомӣ ва 43 ҳазору 500 ғайринизомии афғон дар ҷанг кушта шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Рӯзномаи Washington Post шумори аъзои кушташудаи Толибон дар ин солҳоро низ беш аз 42 ҳазор нафар тахмин задааст.

Ин гузориш шумори низомиёни амрикоии кушташударо беш аз шаш ҳазор нафар ва дигар низомиёни хориҷии узви НАТО –ро низ ҳазору 145 нафар эълом кард.

Коршиносони масоили сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки 19 сол ҳузури низомӣ ва пурҳазинаи Амрико дар Афғонистон ҷуз тахриби зерсохтҳои ин кишвар ва куштори беш аз сад ҳазор ғайринизомӣ ва низомии афғон ва ҳазорон низомии хориҷӣ дастоварде надоштааст.

Ҳазинаи низомии Амрико дар ин муддат дар Афғонистон 2 триллион доллар арзёбӣ шудааст.

258
Барчаспҳо:
Washington Post, ҳамла, кушта шудан, Афғонистон, Амрико, рӯзнома

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

17
(Таҷдидшуда 13:05 10.08.2020)
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард, хабар додааст, Sputnik Белорусия.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

17

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

62
(Таҷдидшуда 18:27 09.08.2020)
Рӯзи даҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон буда дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 10 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Старинный телефон
© CC0 / Pixabay
Старинный телефон, архивное фото

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото
© Sputnik / Игорь Зарембо
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.

Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
  • Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.

Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.

Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.

Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.

Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.

Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.

Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.

Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.

Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.

Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.

Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.

Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.

Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.

Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.

Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.

62
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

0
(Таҷдидшуда 13:05 10.08.2020)
Барои донишҷӯёни хориҷие, ки наметавонанд то 1 сентябр ба Русия биёянд, дарсҳо дар шакли онлайн баргузор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Аз 1 сентябр бархе аз макотиби олии Русия барои донишҷӯёне, ки ба сабаби ҳамагирии коронавирус наметавонанд ба донишгоҳҳо ҳозир шаванд, дарсҳои онлайн баргузор мекунанд, хабар медиҳад "Российская газета".

Интизор меравад, ки барои чунин донишҷӯён як гурӯҳ созмон дода мешавад, ки танҳо тариқи онлайн дарс хоҳанд хонд.

Аллакай маълум шуда, ки Донишгоҳи давлатии электротехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи федеролии Қазон ва Донишгоҳи политехникии Томск барномаи таълимиро тариқи онлайн баргузор мекунанд.

Дар баробири ин барномаи омӯзишии онлайнро Донишгоҳи федеролии Балтики ба номи Иммануил Кант, Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии Тюмен тасдиқ карданд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ҳамин тавр, ноиби ректори Донишкадаи техникии Маскав Марина Невская гуфт, дар баробари донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёни русиягӣ низ, ки наметавонанд то 1 сентябр ба компус ҳозир шаванд, тариқи онлайн дарс мехонанд.

Пештар дар Русия қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд, бидуни иҷозатномаи корӣ ва патент расман кор кунанд.

Барои кор кардан, донишҷӯ бояд аз донишгоҳ ё донишкада танҳо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯиро барои корфармо ҳозир кунад.

0
Барчаспҳо:
онлайн, омӯзиш, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон