Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров

Рамазон Қодиров муваққатан аз вазифааш даст кашид

1728
(Таҷдидшуда 14:23 16.01.2020)
Роҳбари Чеченистон эълон намудааст, ки бино бар ношоямиаш муваққаттан аз иҷрои вазифааи ишғолкардааш даст кашид

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Рамазон Қодиров, эълон намудааст, ки мувақаттан аз иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистон даст кашидааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Қодиров иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистонро муваққатан бар дӯши Хучиев Муслим, роҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон гузоштааст.

Рамазон Қодиров дар аризаи худ қайд кардааст, ки сабаби аз вазифаи роҳбари Чеченистон даст кашиданаш, ношоямӣ мебошад.

“Мутобиқи моддаи 76 Конститутсияи Ҷумҳурии Чеченистон бино бар ношоямиам иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистонро аз 13 январи соли равон бар дӯши Хучиев Муслим, роҳбари ҳукумати Чеченистон вогузор мекунам”, - гуфта шудааст дар санаде, ки сомонаи расмии роҳбари Чеченистон интишор шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Русия тағйроти кадрии бузург сурат гирифт. Ҳукумати Русия дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт. Дмитрий Медведев пас аз чанд соати паёми солонаи раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси федеролӣ истеъфо  дод.

Худи ҳамон рӯз Президенти Русия Владимир Путин, пас аз истеъфои Дмитрий Медведев, номзад ба курсии нахуствазири Русияро пешбарӣ кард.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Михил Мишустинро ба номзадии нахуствазири Русия пешбарӣ кард.

Мишустин то имрӯз симати роҳбари Хадамоти андози Русияро дошт.

1728
Барчаспҳо:
даста, муваққат, вазифа, муваққатан аз Русия меравад, роҳбар, Чеченистон
День 8 марта

Зодрӯзи Қоҳир Расулзода, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Рӯзи Модарон: имрӯзи таърих

149
(Таҷдидшуда 19:15 06.03.2021)
Рӯзи 8 март - Рӯзи байналмилалии занон, дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар, дар Малайзия – Рӯзи султон ва зимнан Рӯзи байналмилалии гурда мебошад

Рӯзи 8 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.

Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.

Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.

Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.

Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.

Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.

Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки  роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 март

  • Рӯзи байналмилалии занон.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар.
  • Дар Малайзия – Рӯзи султон.
  • Рӯзи байналмилалии гурда.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.

Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.

Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.

Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.

Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.

Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.

 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021

Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.

Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.

149
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Дар вилояти Маскав усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷиронро ташкил мекунанд

415
Бо мақсади ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар вилояти Маскав, қоидаҳои нав аз соли 2021 татбиқ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Дар вилояти Маскав усули ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор аз соли 2021 тағир хоҳад ёфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав.

Қоидаҳои нав аз рӯи алгоритме, ки ҳукумати Русия таҳия кардааст, амал мекунад.

Ҳоло ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ талабгоранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ташкили манзилу хӯрок, муоинаи тиббӣ пас аз будубош дар Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро таъмин кунанд.

Ташкилотҳо бояд барои ҷалби хориҷиён ба системаи иттилоотию таҳлилии "Пойгоҳи Умумироссиягии ҷойҳои кории холии" Кор дар Русия" муроҷиат кунанд.

Сарраёсати амнияти минтақавӣ дар вилояти Маскав ва Вазорати рушди иҷтимоӣ барои иҷрои тадбирҳо дар минтақаи Маскав масъуланд.

Уфа 400 муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин мекунад

Тибқи иттилои вазорат, интизор меравад, ки ба минтақаи Маскав ҳудуди 10 ҳазор муҳоҷири корӣ расанд. Онҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон кор хоҳанд кард.

415
Барчаспҳо:
ширкатҳо, санад, Муҳоҷират, Русия
Добыча угля, архивное фото

Шералӣ Кабир: истихроҷи ангишт дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расид

0
(Таҷдидшуда 13:42 08.03.2021)
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар як соли ахир дар кишвар беш аз ду миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik.  Шералӣ Кабир, дар суҳбат бо рӯзномаи ҷумҳурият таъкид доштаааст, ки истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расидааст.

Вай афзуд, ки дар соли гузашта нуҳ корхона дар ҳафт кон фаъолият карда, як корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ фаъолиятро қатъ кард.

Вай қайд кард, ки истихроҷи ангишт дар ин давра беш аз ду миллион тоннаро ташкил дод.

Гуфта шудааст, ки аз ҷониби корхонаҳои соҳа 2,7 ҳазор тонна ангишт ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон содирот шуд.

Аз тарафи корхонаҳои ангишти кишвар ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ 31 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ ворид шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки соли 2020 аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт" якҷо бо ширкатҳои ватании "Данғара" ва ширкатҳои "Айнӣ транзит ЛТД"-и Покистон ва ширкати "Брокинг стонер"-и  Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

"Ҳамчунин соли сипаришуда  аз ҷумҳурӣ ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон 274,7 тонна лимӯ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 тонна зиёд мебошад", - тавзеҳ додааст Бобозода.

Соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 миллиард 406,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  232,5 миллион  зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 330,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  268,7 миллион зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли сипаригашта аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 млн 13 ҳазор доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019  10,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.

0
Барчаспҳо:
саноат, истихроҷ, ангишт, Тоҷикистон