Путин имзо гузошт: Мишустин сарвазири нави Русия таъин шуд

753
(Таҷдидшуда 19:05 16.01.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармони таъин намудани Михаил Мишустин ба маснади сарвазири ин кишварро имзо кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба иттилои котиботи Кремл, раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармони ба курсии сарвазир такя задани Михаил Мишустинро ба имзо расонд.

"Тибқи банди "а" - и моддаи 83 Конститутсияи Федератсияи Русия, Мишустин Михаил Владимирович, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия таъин мегардад", - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ин фармон аз рӯзи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад.

Номзадии Михаил Мишустинро худи роҳбари давлати Русия Владимир Путин ба Дума пешниҳод намуд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 15 - уми январ Дмитрий Медведев пас аз паёми солонаи Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ истеъфои ҳукумати таҳти роҳбарияшро эълон намуд.

"Ҳукумати Русия дар ҳайати пурра ба истеъфо меравад", -  изҳор намуда буд сарвазири собиқи ин кишвар Дмитрий Медведев.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст ҳукумати Медеведев 7 - уми майи соли 2018 пас аз савгандёдкунии Владимир Путин истеъфо дода буд.

753
Барчаспҳо:
таъин, фармон, сарвазир, Владимир Путин
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

4
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

4
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

214
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

214
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор